Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26–ум то 29-уми ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мегардад.
Ба навиштаи манбаъ, конфронс ба таҳқиқ ва муаррифии мероси илмӣ, фарҳангӣ ва мусиқии Борбади Марвазӣ, нақши ӯ дар рушди мусиқии касбии тоҷик ва тамаддуни мусиқии Шарқ бахшида мешавад.
Дар назар аст, ки дар конфронс олимону муҳаққиқон, мусиқишиносон, устодони муассисаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва санъат, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ҳунармандон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок намоянд.
"Дар доираи чорабинӣ маърӯзаҳои илмӣ, муҳокимаҳои тахассусӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардида, масъалаҳои таҳқиқ, ҳифз, эҳё ва тарғиби мероси мусиқии миллӣ баррасӣ хоҳанд шуд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Агантии обуҳавошиносӣ: "Се рӯз хокбориш пешгӯӣ мешавад"
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад