Агантии обуҳавошиносӣ: "Се рӯз хокбориш пешгӯӣ мешавад"
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Яке аз бозиҳои ҷолиби даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо рақобати “Реал Мадрид” ва “ПСВ” буд, ки бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи дастаи шоҳона ба анҷом расид.
Қисми аввал ба фоидаи бошгоҳи “ПСВ” буд. Дастаи мазкур ба дарвозаи “Реал Мадрид” аз зарбаи 11-метра як гол зад ва дар умум, аз ҷиҳати бозӣ беҳтар буд. Вале дар қисми дуюм бозӣ тамоман ранги дигар гирифт. Дастаи шоҳона дар 45 дақиқаи охир ба дарвозаи “ПСВ” панҷ гол ворид намуд.
Голҳои “Реал Мадрид”-ро Федерико Валверде, Ҷуд Беллингем, Килиан Мбеппе (ду гол) ва Винисиус Ҷуниор ба самар расонданд. Ҳамчунин, футболбози ҷавони даста Арда Гюлер ду партофти головар дар ҳисоби худ қайд кард.
Бояд гуфт, ки “Реал Мадрид” имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар ҳунарнамоӣ карда истодааст ва ҳоло силсилаи бозиҳои бидуни бохташ ба 10 расидааст. Дастаи шоҳона бо роҳбарии Жозе Моуриню дар Лигаи чемпионҳо шикастнопазир аст ва дар панҷ бозӣ, панҷ ғалаба дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Агантии обуҳавошиносӣ: "Се рӯз хокбориш пешгӯӣ мешавад"
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд