Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Ройтерз: Марко Рубио дар Ӯзбекистон бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як сафари панҷрӯза, вориди Ӯзбекистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки Марко Рубио ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва шаҳрҳои Мумбай ва Ҷамнагар дар Ҳиндустон сафар мекунад.
Тибқи иттилои ин вазорат сафари Марко Рубио рӯзи шанбе оғоз мешавад ва ӯ дар Ӯзбекистон бо мақомоти ин кишвар ва ҳамчунин, бо намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид шудааст, ки Марко Рубио дар Ҳиндустон бо мақомоти ҳукумати ин кишвар мулоқот намуда, “оид ба равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули афкор карда, дурнамои густариши ҳамкориҳои энергетикиро баррасӣ менамояд”.
Марко Рубио ба Ӯзбекистон ва Ҳиндустон дар замоне сафар мекунад, ки Доналд Трамп барои фишор ба Эрону Русия таҳримҳои шадиди байналмилалиро ҷорӣ намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад