10 Октябр 2026,
шанбе, 13:58, Душанбе
10.10.2026 12:56

“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?

Ҳамлаи низомии Украина ба полоишгоҳҳои нафтии Русия боиси ба вуҷуд омадани буҳрони содироти сӯзишворӣ дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” дар як матлаби таҳлилӣ буҳрони сӯзишвории Русия дар Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор дода, ба ин натиҷа мерасад, ки Душанбе барои кам кардани таъсири буҳрон рӯ ба ҷониби Эрон овард.

Тоҷикистон, ки солҳои зиёд қисми асосии бензин ва дигар маҳсулоти нафтии худро аз Русия дастрас мекард, ҳоло барои ёфтани манбаи алтернативии сӯзишворӣ ба Эрон рӯ меоварад.

Ба навиштаи “Ал-Ҷазира” камбуди сӯзишворӣ дар Русия, ки дар пайи ҳамлаҳои бесарнишин ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омадааст, вазъро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мураккаб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Эрон кӯшиш дорад аз ин вазъ истифода бурда, мавқеи худро дар бозори сӯзишвории минтақа тақвият диҳад.

“Al Jazeera” рӯзи 7-уми октябр дар як гузориш навишт, ки Тоҷикистон моҳи август ворид кардани нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эронро тасдиқ карда буд.

Бино ба иттилои “Ал-Ҷазира” тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, кишвар интизор дорад аз Эрон дар маҷмуъ 2,55 миллион тонна нафт ва маҳсулоти нафтӣ дарёфт кунад.

Ин тағйирот дар ҳоле сурат мегирад, ки вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории Русия хеле зиёд аст. Тоҷикистон дар бахши таъмини сӯзишворӣ солҳо ба Русия вобаста буд ва ҳоло низ яке аз харидорони асосии маҳсулоти нафтии Русия ба ҳисоб меравад.

“Ал-Ҷазира” менависад, ки дар гузашта то 80 дарсади маҳсулоти нафтии Тоҷикистон аз Русия ворид мешуд.

Ҳоло бошад, мушкилоти таъминот дар Русия Душанбе ва дигар кишварҳои минтақаро водор кардааст, ки роҳҳои дигари воридоти сӯзишвориро ҷустуҷӯ кунанд.

Қирғизистон низ дар чунин вазъ қарор дорад. Беш аз 90 дарсади бензини ин кишвар аз Русия ворид мешавад. Ҳоло Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъмини бозори сӯзишвории худ ба манбаъҳои нав рӯ меоранд ва манбаи нав Эрон аст. Дар ин ҷо як мушкил вуҷуд дорад ва он ин аст, ки ин ду кишвар бо Эрон марзи муштараки мустақим надоранд. Набудани марзи муштараки мустақим ворид кардани нафт ба ин ду кишвар бо харҷи камро мушкил кардааст.

Тоҷикистон бо кадом роҳ нафти Эронро ворид мекунад?

“Ал-Ҷазира” дар таҳлили худ менависад, ки маҳсулоти нафтии Эрон барои расидан ба Тоҷикистон бояд роҳи тӯлониро тай кунад.

Ин шабакаи телевизионӣ бо такя ба коршинос Фредерик Шнайдер, ходими калони Шурои умури ҷаҳонии Ховари Миёна мегӯяд, ки нафт ва маҳсулоти коркардшудаи Эрон бояд ба Туркманистон ва Ӯзбекистон бо роҳи оҳан ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.

Ин масир нисбат ба таъминот аз Русия гаронтар ва мураккабтар мебошад.

Бо вуҷуди ин, вазъи кунунии бозор метавонад Душанбе ва Теҳронро ба идомаи ин ҳамкорӣ водор намояд.

Русия бо мушкили бензин рӯ ба рӯ шудааст

“Ал-Ҷазира” менависад, сабаби тағйироти ахир дар бозори минтақа қабл аз ҳама буҳрони дохилии сӯзишвории Русия аст.

Тибқи гузориши ин расона, ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои энергетикии Русия, аз ҷумла ба корхонаҳои коркарди нафт, зарари ҷиддӣ расондаанд. Бар асоси арзёбиҳои нашршуда дар натиҷаи ҳамлаҳо чоряк то нисфи иқтидори коркарди нафти Русия муваққатан аз кор мондааст.

Мақомоти Русия барои пешгирӣ аз камбуди бештар маҳдудиятҳои гуногун ҷорӣ кардаанд. Фурӯши сӯзишворӣ дар баъзе минтақаҳо маҳдуд шуда, содироти бензин ва сӯзишвории авиатсионӣ низ манъ шудааст.

Ин вазъ ба кишварҳое, ки ба маҳсулоти нафтии Русия такя доранд, таъсири мустақим мерасонад.

Эрон мехоҳад аз ин фурсат истифода кунад

Барои Эрон бошад, вазъ имкони ба даст овардани бозорҳои навро фароҳам кардааст. Вале, ҳоло Эрон бо сабаби таҳримҳои амрикоӣ бо мушкилоти ҷиддӣ дар содироти нафт рӯ ба рӯ аст.

“Ал-Ҷазира” менависад, ки ҳаҷми боркунии нафти хом ва конденсати Эрон аз тақрибан 2 миллион бушка дар як рӯз дар моҳи март ба танҳо 220–255 ҳазор бушка дар рӯз дар моҳи август расидааст.

Дар чунин шароит ҳар як бозори нав барои Теҳрон аҳамият пайдо мекунад.

Эрон дар моҳи август бо Қирғизистон низ масъалаи таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафтро баррасӣ кард. Тибқи пешниҳоди Теҳрон, нафти хом барои корхона метавонад аз ҷониби Эрон таъмин шуда, маҳсулоти тайёр байни ду кишвар тақсим карда шавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки нафти Эрон наметавонад дар муддати дароз ҷойи Русияро дар бозори Тоҷикистон гирад.

Русия ҳамсояи Тоҷикистон нест, аммо шабакаи роҳи оҳан, инфрасохтори логистикӣ ва роҳҳои тиҷоратии он бо Осиёи Марказӣ дар тӯли даҳсолаҳо равобити транзитии ин ду кишварро ташаккул додаанд.

Таҳлилгар Шнайдер ба “Ал-Ҷазира” мегӯяд, барои интиқоли ҳаҷми дархостшудаи нафт ба Тоҷикистон тақрибан 51 ҳазор вагон-систерна лозим мешавад.

Дар муқобили ин, Русия дорои шабакаи густурдаи роҳи оҳан, қубурҳо ва шартномаҳои мавҷудаи интиқоли сӯзишворӣ ба минтақа аст.

Аз ин рӯ, агар корхонаҳои коркарди нафти Русия дубора ба фаъолияти пурра баргарданд, маҳсулоти русӣ метавонад боз ҳам барои Тоҷикистон арзонтар ва дастрастар бошад.

Хатари таҳримҳои Вашингтон

Рӯ овардан ба нафти Эрон барои Тоҷикистон боз як паҳлуи ҳассос дорад.

Муомила бо нафти Эрон метавонад ширкатҳо ва муассисаҳои молиявиро ба хатари таҳримҳои дуюмдараҷаи ИМА рӯ ба рӯ кунад.

Ба гуфтаи Шнайдер, Вашингтон эҳтимолан бештар ба ширкатҳои алоҳида, миёнаравҳо, операторони роҳи оҳан ва бонкҳое, ки дар чунин муомилот иштирок мекунанд, фишор хоҳад овард.

Аммо таҳрим кардани худи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ИМА оқибатҳои сиёсӣ дошта бошад.

Зеро минтақа дар солҳои охир ба майдони рақобати Русия, Чин ва ИМА табдил ёфтааст ва Вашингтон талош дорад робитаҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.

Барои Тоҷикистон ин танҳо масъалаи бензин нест

Рушди ахир нишон медиҳад, ки масъалаи сӯзишворӣ барои Душанбе тадриҷан ба масъалаи диверсификатсияи роҳҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ табдил меёбад.

Воридоти нафт аз Эрон метавонад барои Тоҷикистон як роҳи муваққатии ҳалли мушкили таъминот бошад. Аммо агар ин раванд идома ёбад, он метавонад робитаҳои иқтисодии Тоҷикистонро бо Эрон ва кишварҳои транзитии минтақа - Туркманистон ва Ӯзбекистон низ тақвият диҳад.

Дар айни ҳол Русия эҳтимолан таъминкунандаи асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.10.2026 13:15

Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард

Раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Украина аз тавофуқи Доналд Трамп бо Маскав барои интиқоли дизели Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ шадидан интиқод карда, коҳиши таҳримҳо алайҳи Русияро мухолифи талошҳо барои расидан ба сулҳ донистанд.
10.10.2026 13:07

Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод

Душанбе ва Теҳрон барои густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар таъкид карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён хабар дод.
10.10.2026 12:56

“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?

Ҳамлаи низомии Украина ба полоишгоҳҳои нафтии Русия боиси ба вуҷуд омадани буҳрони содироти сӯзишворӣ дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” дар як матлаби таҳлилӣ буҳрони сӯзишвории Русия дар Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор дода, ба ин натиҷа мерасад, ки Душанбе барои кам кардани таъсири буҳрон рӯ ба ҷониби Эрон овард.
10.10.2026 09:02

Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад

9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.
09.10.2026 18:40

Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд

Манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико ва Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури ин кишвар, дар охири моҳи ҷорӣ ба Русия мераванд, то бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар бораи расидан ба созиши оташбас дар ҷанги Украина музокира кунанд.
09.10.2026 18:33

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд

Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026-ро ба ифтихори талошҳои Навӣ Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ, ки барои пешбурди сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ талошҳои зиёде кардааст, тақдим намуд.
09.10.2026 17:06

Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд

Ширкати “ВКонтакте” (VK), ки соҳиби яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои Русия бо ҳамин ном аст, алайҳи Шурои Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ширкат таҳримҳои ҷоришударо ғайриқонунӣ ва беасос хонда, хостори лағви онҳо шудааст.
09.10.2026 16:56

Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст

Ҷон Оссофф, сенатори демократи иёлати Ҷорҷия ва номзад ба интихоботи миёндавраии Сенати Амрико, мегӯяд, ки неруҳои Исроил дар Навори Ғазза қоидаҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро нақз кардаанд. Ӯ хостори баррасии эҳтимоли наслкушӣ дар Ғазза аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шудааст.
09.10.2026 16:28

Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд

Имрӯз, 9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
09.10.2026 15:43

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки “бачабозӣ” ё истифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар миёни аъзо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон идома дорад.
09.10.2026 15:38

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии Толибон аз кӯдакон ба ҳайси сарбоз барои амалиётҳои ҷангӣ истифода мекунанд.