Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст
Ба муносибати 30-солагии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ чорабинӣ доир шуд
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико ва Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури ин кишвар, дар охири моҳи ҷорӣ ба Русия мераванд, то бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар бораи расидан ба созиши оташбас дар ҷанги Украина музокира кунанд.
“Аксиос” рӯзи ҷумъа, 9-уми октябр, гузориш додааст, ки намояндагони вижаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз бо музокиракунандагони украинӣ ва мақомоти аврупоӣ мулоқот хоҳанд кард, то “андешаҳо ва пешниҳодҳои нав”-ро барои раҳоӣ аз бунбасти ҷанги Русия ва Украина ироа кунанд.
Бар асоси гузориш, Трамп умедвор аст, ки пеш аз интихоботи миёндавраӣ ва фаро расидани сармои шадиди зимистон дар Украина, ба пешрафти дипломатӣ даст ёбад.
Яке аз ин пешниҳодҳо барқарории оташбаси қисман аст, ки ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикӣ ва интиқоли ғалларо боздорад.
Як мақоми украинӣ изҳор доштааст, ки бо вуҷуди шакку тардидҳо дар Киев, интихоботи миёндавраии Амрико ва ниёзи Русия ба коҳиши таҳримҳо метавонанд Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро, ба қабули як навъи оташбас ташвиқ кунанд.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи як манбаи огоҳ, эҳтимол дорад, ки Уиткофф ва Кушнер дар охири ҳамин моҳ барои идомаи гуфтугӯ бо Путин ба Маскав сафар кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд