Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Дар Туркманистон Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ доир шуд
8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, дар доираи фестивал гӯшаҳои миллии намояндагони кишварҳо ташкил гардида, онҳо тавассути пешниҳоди таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ намуданд.
“Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва суннатии мардуми тоҷик, ороиши хоси дастархони миллӣ, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва дигар неъматҳои табиии Тоҷикистон диққати иштирокдорони фестивалро ба худ ҷалб намуд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар гӯшаи Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардида, намунаҳои ҳунарҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Дар бахши саноатии гушаи Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва намунаҳои молҳои дорои аҳамияти иқтисодию содиротӣ муаррифӣ гардид. Бахши кишоварзии гӯшаи Тоҷикистон низ бо пешниҳоди молу маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд