7 Октябр 2026,
чоршанбе, 11:19, Душанбе
07.10.2026 10:30

Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз эҳтимоли ин ки шаҳрҳои Амрико аз ҷониби Эрон ҳадафи ҳамла қарор гиранд, изҳори нигаронӣ кардааст.

“Аксиос”, субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми октябр, гузориш додааст, ки Трамп ин мавзуъро барои амнияти Амрико муҳим донистааст.

Бар асоси гузориш, Трамп рӯзи сешанбе иддао доштааст, ки хароҷоти молии ҷанг бо Эрон барои амрикоиҳо арзиши пардохтан дорад, то амнияти Иёлоти Муттаҳида ҳифз шавад.

Ин изҳороти Трамп вокунишҳои манфӣ барангехтааст.

Ӯ гуфтааст: “Ин сарфи ночизе барои ҳифзи амнияти ҷаҳон ва амнияти кишвари мост. Онҳо метавонанд як шаҳрро нобуд кунанд. Бигзор нобуд кунанд… Бигзор Лос-Анҷелесро нобуд кунанд. Бигзор Сан-Диегоро нобуд кунанд. Ин… ин сарфи хеле ночиз аст ва моҷаро хеле зуд ба поён хоҳад расид”.

Бо ин ҳол, музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико барои поён додан ба ҷанге, ки ҳафт моҳ пеш оғоз шуд, то кунун ба натиҷае нарасидааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.