Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”
Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд
Афви байналмилал бар боздошти Нетаняҳу таъкид кард
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
Лавров дар суҳбат бо хабаргузории “РИА Новости” гуфт, ки ҷанг алайҳи Эрон метавонад барои тамоми иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ ба бор орад.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар бахши дигари суҳбаташ ба нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон ишора кард. Ӯ гуфт, ки қабул нашудани санади ниҳоии ин нишаст нохушоянд аст, аммо онро “фоҷеа” намедонад.
Ба гуфтаи Лавров, Афғонистон ва Покистон ба таври қатъӣ хоҳони одӣ шудани муносибатҳои дуҷониба ҳастанд ва Русия низ ба ҳалли масъалаҳои миёни ду кишвар кумак мекунад.
Лавров ҳамчунин, гуфт, ки Маскав гузоришҳо дар бораи омодагии Созмони паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) барои ҷанг бо Русияро шунидааст ва дар ин замина ҳушёр боқӣ мемонад.
Ӯ ёдовар шуд, ки мақомоти НАТО қаблан ба Маскав итминон дода буданд, ки барои ҳамла ба Русия омодагӣ намегиранд. Лавров гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба таври возеҳ гуфтааст, ки дар сурати ҳамла ба вилояти Калининград ё ҳар минтақаи дигари Русия, посухи Маскав чӣ хоҳад буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар идомаи суҳбаташ гуфт, Русия ва бархе аз кишварҳои узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) аз талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои эҷоди блокҳои истисноӣ дар Осиё нигаронанд.
Лавров дар бораи ҷанги Украина низ гуфт, ки ин даргирӣ бояд бо бартараф кардани ҳамаи решаҳо ва омилҳои асосии он ҳаллу фасл шавад.
Ба гуфтаи ӯ, Тимори Шарқӣ ният дорад дар Русия сафорат боз кунад ва Маскав аз ин тасмим истиқбол мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”