Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”
Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд
Афви байналмилал бар боздошти Нетаняҳу таъкид кард
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико, мегӯяд, ки узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест ва тамаркузи Вашингтон бар поён додан ба ҷанги Украина аст.
Хабаргузории ТАСС рӯзи сешанбе, 6-уми октябр, гузориш дода, ки Рубио дар посух ба пурсише дар бораи узвияти Украина дар НАТО гуфтааст: “Дар ҳоли ҳозир наметавон ба ин мавзуъ посухи “бале” ё “не” дод”.
Ӯ гуфтааст, ки узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир “рӯи миз нест”, зеро барои чунин тасмиме раванди иҷтимоӣ ва мувофиқати ҳамаи аъзои ин паймон лозим аст.
Рубио афзудааст, ки тамаркузи Амрико дар ҳоли ҳозир бар поён додан ба ҷанги Украина аст.
Вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, Вашингтон мехоҳад дар раванди ҳалли ҷанги Украина “нақши созанда” ифо кунад.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки Амрико таҳаввулоти марбут ба ҷангро зери назар дорад, аммо раванди кунунӣ ба сӯйи ҳаллуфасли муноқиша пеш намеравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”