6 Октябр 2026,
сешанбе, 22:21, Душанбе
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.

Прокуратураи Амрико барои ҳавзаи шимолии Техас эълом кардааст, ки Соҳӣ дар аввали апрел ба иттиҳомҳои тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон эътироф ба ҷиноят карда буд.

Бар асоси асноди Прокуратура, полиси Форней 28-уми феврали соли 2025 ӯро ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ба як кӯдак боздошт кард.

Дар бозрасӣ телефони Соҳӣ, акс ва видеоҳои вобаста ба кӯдакон ва паёмҳои ӯ бо чанд кӯдаки дигар пайдо шудааст.

Тибқи асноди прокуратура, Соҳӣ дар дастикам як маврид аз тариқи як платформаи бозии онлайн, як кӯдаки 10-сола дар иёлати Индианаро водор карда буд, ки тибқи дастури ӯ видеоҳои ҷинсӣ ба навор гирад ва барояш ирсол кунад.

Ба гуфтаи полис, Бодшоҳ Соҳӣ медонистааст, ки ин кӯдак зери синни қонунӣ аст ва бо вуҷуди ин аз ӯ дархост кардааст барояш видеоҳои ҷинсӣ бифиристад.

Ҳамчунин, мушаххас шудааст, ки ӯ бо як духтари 15-сола дар Сан-Маркоси Техас дар иртибот буда ва пас аз рафтан ба маҳалли зисти ӯ, аз таҷовузи ҷинсӣ ба ин духтар филмбардорӣ кардааст.

Антуан Ҷонс, сарпарасти маъмурони вижаи Идораи таҳқиқоти амнияти дохилии Амрико дар Даллас, гуфтааст, ки Соҳӣ дар ҷараёни хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2021, бидуни баррасиҳои лозим вориди Амрико шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.
06.10.2026 11:27

53 дарсади украинҳо мегӯянд Зеленский бояд танҳо як давра президент бошад

Натиҷаи як назарсанҷии тоза дар Украина нишон медиҳад, ки 53 дарсади сокинони ин кишвар мехоҳанд давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Зеленский ба ҳамин давраи кунунӣ маҳдуд шавад. Яъне, беш аз нисфи пурсидашудагон намехоҳанд ӯ дар интихоботи баъдии президентӣ ширкат кунад.