6 Октябр 2026,
сешанбе, 22:21, Душанбе
06.10.2026 16:52

Соҳибкорони Хатлон бо имкониятҳои нави рақамӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд

Дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи соҳибкорӣ дар Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ баргузор шуд.

Ҳадафи семинар баланд бардоштани маърифати соҳибкорон ва шинос кардани онҳо бо имкониятҳои нави технологӣ, роҳҳои муаррифии маҳсулот ва истифодаи платформаҳои рақамӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ буд.

Дар чорабинӣ Нурализода Амрулло Назрулло, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар бораи нақши Палата дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ва имкониятҳои дастгирии соҳибкорон маълумот дод.

Ӯ, ҳамчунин, дар бораи иштироки соҳибкорон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, баргузории вохӯриҳои B2B (соҳибкор бо соҳибкор) ва Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2026” маълумот пешниҳод кард. Ин форум рӯзҳои 22–23-юми октябр дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Нурализода Амрулло, баргузории форум метавонад барои соҳибкорон имкониятҳои нави сармоягузорӣ фароҳам оварда, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат кунад.

Дар ҷараёни семинар ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба платформаи фурӯши маҳсулоти кишоварзии «АХРОХАТЛОН» баррасӣ шуданд. Иштирокчиён бо имкониятҳои ин платформа барои муаррифӣ ва ба бозор баровардани маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорони вилоят шинос шуданд.

Яке аз бахшҳои муҳимми семинар ба тарзи дурусти пешниҳоди маҳсулот, муаррифии он ба харидорон ва истифодаи усулҳои муосири банду баст ва бастабандӣ бахшида шуд. Соҳибкорон дар бораи роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, ҷалби харидорон ва мутобиқ кардани маҳсулоти худ ба талаботи бозори муосир маълумот гирифтанд.

Дар семинар ҳамчунин, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки истифодаи дурусти ин имкониятҳо метавонад ба соҳибкорон дар рушди тиҷорат ва пайдо кардани бозорҳои нав кумак кунад.

Баргузоркунандагон таъкид карданд, ки муаррифии босифати маҳсулот, бастабандии мутобиқ ба талаботи бозор ва истифодаи платформаҳои рақамии фурӯш метавонад ба соҳибкорони вилоят имкон диҳад, ки доираи харидорони худро васеъ кунанд ва маҳсулоти истеҳсоли маҳаллиро на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозорҳои хориҷӣ низ бештар муаррифӣ намоянд.

Дар чорабинӣ соҳибкорон - аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ карданд. Иштирокчиён баргузории чунин семинарҳоро барои баланд бардоштани дониш ва малакаҳои соҳибкорон, рушди соҳибкории рақобатпазир ва истифодаи имкониятҳои рақамӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.
06.10.2026 11:27

53 дарсади украинҳо мегӯянд Зеленский бояд танҳо як давра президент бошад

Натиҷаи як назарсанҷии тоза дар Украина нишон медиҳад, ки 53 дарсади сокинони ин кишвар мехоҳанд давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Зеленский ба ҳамин давраи кунунӣ маҳдуд шавад. Яъне, беш аз нисфи пурсидашудагон намехоҳанд ӯ дар интихоботи баъдии президентӣ ширкат кунад.