6 Октябр 2026,
сешанбе, 10:54, Душанбе
06.10.2026 09:58

Русия Украинаро муттаҳам ба талош барои эҷоди ҳодисаи ҳастаӣ кард

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия, Украинаро муттаҳам кардааст, ки бо ҳамлаҳои қасдӣ бар неругоҳи ҳастаии Запорожия, дар пайи эҷоди фоҷиаи ҳастаӣ аст.

ТАСС, шаби 5-уми октябр, гузориш дода, ки Захарова муддаии ҳамлаи Украина бар як бинои идории ин неругоҳи ҳастаӣ шудааст.

Бар асоси гузориш, Захарова иддао кардааст, ки ин ҳамлаи Украина дар 200-метрии реактори ҳастаии Запорожия анҷом шудааст.

Ӯ иддао кардааст: “Режими Киев бо ҳамла ба неругоҳи ҳастаии русии Запорожия, ҳамчунон қасдан хатари вуқуъи як ҳодисаи ҳастаии ҷиддиро эҷод мекунад”.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои ахир, Русия ва Украина, ҳамлаҳои худро алайҳи зерсохторҳои ҳамдигар афзоиш додаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

06.10.2026 10:06

Афви байналмилал бар боздошти Нетаняҳу таъкид кард

Созмони Афви байналмилал бо ишора ба судури ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз сӯйи Додгоҳи ҷиноии байналмилал, аз кишварҳо хоста, ки дар сурати ворид шудани Нетаняҳу ба хокашон, ӯро боздошт кунанд.
06.10.2026 08:11

Пешвои миллат дар чорабинии идона бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд

5-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.