5 Октябр 2026,
душанбе, 20:21, Душанбе
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.

Дар ин хусус, Бонки осиёии рушд рӯзи 2-юми октябр хабар дода, таъкид намуд, ки гранти нав барои навсозии низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Зикр мешавад, ки 19,5 миллион доллари ин грант аз ҷониби Фонди рушди Осиё ва 1 миллион доллари он аз ҷониби Фонди сатҳи бланди технологӣ, ки ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мекунад, пардохт мешавад.

Ин бонк шарҳ додааст, ки 13,32 миллион доллар аз гранти Фонди рушди Осиё ба бастаи кумакии кишварҳое рабт дорад, ки аз таъсири иқтисодӣ ва молиявии низоъ дар Ховари Миёна осеб дидаанд.

Масато Канда, президенти Бонки осиёии рушд гуфт, амнияти молиявии шаҳрвандон дар даври нафақа набояд ба мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ ва дур будан аз идораҳои давлатӣ вобаста бошад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши нархи ғизову сӯзишворӣ, мушкилоти интиқолу таъминот ва номуайянӣ дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ фишор ба оилаҳои камдаромадро бештар намудааст.

Ин бонк гуфтааст, ки ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ камтар аст. Ин бонк таъкид намудааст, ки кормандони ғайрирасмӣ, коргарони мавсимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бисёр ҳолатҳо ба низоми нафақа пурра фаро гирифта намешаванд.

Дар доираи ин лоиҳа ва тарҳи нав Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо марказҳои муосири нигоҳдории иттилоот ва платформаи ягонаи рақамӣ таъмин карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин грант сабтҳои мавҷуда рақамӣ шуда, мубодилаи иттилоот миёни мақомоти кишвар беҳтар ва чораҳои ҳифзи киберамният густариш дода мешаванд. Идораҳои агентӣ дар шаҳри Душанбе ва Бохтар низ навсозӣ хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд иттилоъ медиҳад, ки низоми нав метавонад хизматрасониҳои тезтар ва бехатарро, барои ҳадди ақал 320 ҳазор нафар нафақаи суғуртавӣ ва 250 ҳазор нафақахӯр таъмин намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.