5 Октябр 2026,
душанбе, 15:09, Душанбе
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.

Раиси Маҷлиси Эрон таъкид кард, ки кишвараш дар баробари идома додани муқовимати низомӣ, роҳи музокираро низ боз нигоҳ медорад.

Муҳаммабоқир Қолибоф рӯзи якшанбе, 4-уми октябр дар суханронии худ дар ҷаласаи Маҷлиси Эрон гуфт, кишвараш бар асоси гуфтаҳои мақомоти амрикоӣ амал намекунад ва амалҳои воқеии рақибонро меъёри тасмимгирии худ медонад.

Ӯ зикр кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба воситаи миёнравҳо пешниҳодҳое барои музокира зикр кардааст. Таъкид кард, ки “давраи таҳмил кардани талаботи якҷониба гузаштааст”.

Раиси Маҷлиси Эрон гуфт, мавқеи кишвараш дар масъалаи музокираро рӯшан баён кард ва он ин аст: “Ҳам меҷангем ва ҳам музокира мекунем”.

Раиси Маҷлиси Эрон таъкид кардааст, ки кишвараш ҳамзамон бо истифода аз дипломатия барои ҳифзи манфиатҳои худ неруҳои низомии худро низ дар ҳолати омодагӣ нигоҳ медорад.

Тибқи гуфтаи ӯ, рақибони Эрон дар мавқеъҳои худ “баъзан дар як рӯз чанд изҳороти зиддунақиз” баён мекунанд ва ин бахше аз ҷангҳои равонӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки Эрон сиёсати амниятии худро бар асоси изҳорот ё паёмҳои мақомоти амрикоӣ муайян намекунад.

Ӯ, ҳамчунин, дар бахши дигари суханронии худ ба ҷанги Ғазза ва ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 ишора карда, гуфт, ки ин рӯйдод, ба гуфтаи ӯ, мувозинати сиёсиву амниятии минтақаҳоро тағйир додааст.

Муҳаммадбоқир Қолибоф иддао кард, ки Исроил бо вуҷуди ҳимояти Иёлоти Муттаҳида натавонистааст, он чизеро, ки ӯ “шикасти 7-уми октябр” номид, ҷуброн намояд.

“Касе дар майдони музокира пирӯз хоҳад шуд, ки он худро барои ҷанг омода карда бошад”- зикр кард Муҳаммадбоқир Қолибоф.

“Мо бар асоси стратегияи иқтидор ва ақлоният, на ҳаяҷонзада мешавем ва на маръуб. Ҳам меҷангем ва ҳам музокира мекунем. Ҳам бо тамоми тавон дар майдони набарди низомӣ ҳузур дорем ва ҳам ӯро бо шигифтиҳои ҷадид мувоҷеҳ хоҳем кард ва ҳам аз абзори дипломатия ва барои тасбияти бартарии худ дар майдони низомӣ ва таҳмили ҳуқуқи миллати Эрон истифода мекунем. Борҳо гуфтаам, касе дар майдони музокира пирӯз аст, ки худро барои ҷанг омода карда бошад. Имрӯз ба фазли Худо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷабҳаи муқовимат дар авҷи салобат қарор дорад ва кишвар дар ниҳоят иқтидори майдониву инсиҷоми миллӣ аст ва ба зайли раҳнамудҳои Роҳбари муаззами Исломӣ, ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод, ки таваҳҳумоти душманон дар бораи Эрони азизи мо ба воқеият табдил ёбад” - таъкид кард Қолибоф.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.