Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Дар рӯзи якум нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоиз иҷро гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро пурра иҷро кард.
Ба навиштаи манбаъ, иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 76 фоиз, вилояти Суғд 13 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64 фоиз ва шаҳри Душанбе 63 фоизро ташкил дода, беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”
Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест