Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Трамп: “Нафрати миёни Путин ва Зеленский монеаи асосии сулҳи Украина аст”
Ҳаштумин нишасти машваратии «Формати Маскав» дар бораи Афғонистон дар Русия баргузор мешавад
Вазорати корҳои хориҷаи Русия эълом кардааст, ки ҳаштумин нишасти машваратии «Формати Маскав» дар бораи Афғонистон рӯзи 5-уми октябр дар Маскав баргузор мешавад ва намояндагони гурӯҳи террористии Толибон, Русия ва кишварҳои минтақа дар он ширкат хоҳанд кард.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия, рӯзи панҷшанбе, 1-уми октябр, гуфтааст, ки намояндагони вижа ва мақомоти аршади Русия, Толибон, Эрон, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт.
Ӯ афзудааст, ки ҳайати Толибон ба раҳбарии Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷаи ин гурӯҳ, дар ин нишаст ширкат мекунад ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, низ дар он суханронӣ хоҳад кард.
Расонаҳои АФғонистон хабар доданд, ки қарор аст Муттақӣ дар ҳошияи ин нишаст бо Лавров дидор ва дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба миёни гурӯҳи террористии Толибон ва Русия гуфтугӯ кунад.
Ҳамчунин, дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баҳс хоҳад шуд ва эҳтимол дорад баёнияи муштарак низ содир шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия