Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Президенти кишвар бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот карданд
Имрӯз, 1-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил комёбӣ орзу намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми солҳои гузашта, Шуро худро ҳамчун майдони соҳавӣ барои ҳамкории байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷинояткорӣ муаррифӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муборизаи самаранок бо ҷинояткорӣ, бахусус шаклҳои фаромиллӣ ва муташаккили он, муҳим шумурда шуд.
“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нави коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор, ки боиси нигаронии хос дар паҳн кардани идеологияи радикалӣ мегардад, андешаронӣ намуданд”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвраи давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад