Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
30-юми сентябр маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар маҷлис нахуст лоиҳаи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуда, гузориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули Барномаи мазкур, баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологии табақаҳои аҳолӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулият дар шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи мазкур тасдиқ гардида, сохторҳои марбута аз натиҷаи корҳо ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2029-2030 баррасӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад
Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”