1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 10:40, Душанбе
01.10.2026 09:45

Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст

Ларри Ҷонсон, афсари собиқ ва таҳлилгари пешини Созмони марказии истихбороти Амрико (CIA), гуфтааст, ки Хадамоти махфии ҷосусии Бритониё (MI6) пуштибони асосии Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, мебошад.

Ҷонсон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ба бовари ӯ, “қудрати воқеӣ дар пушти Зеленский” хадамоти ҷосусии Бритониёст.

Вай ҳамчунин, иддао кардааст, ки MI6 дар ташвиқи даргириҳо дар Украина нақши асосӣ доштааст. Ҷонсон гуфтааст, ки Бритониё ҳоло бо мушкили камбуди сӯзишворӣ рӯ ба рӯст ва ин кишвар, ба гуфтаи ӯ, ҳатто бештар аз ИМА бо ин мушкил дасту панҷа нарм мекунад.

Ба гуфтаи Ҷонсон, Бритониё то соли оянда ё шояд ҳатто зудтар имкони идомаи пуштибонӣ аз Украинаро аз даст хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, қаблан гуфта буд, ки интиқоли силоҳ аз кишварҳои ғарбӣ ба Украина вазъро тағйир намедиҳад ва танҳо боиси идомаи даргирӣ мешавад. Маскав ҳамчунин, борҳо ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Киевро як масъалаи мустақим дар низоъ медонад.

Скотт Риттер, афсари собиқи истихбороти Амрико ва бозраси пешини силоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид, низ гуфтааст, ки пуштибонии Ғарб аз Украина ба поёни худ наздик мешавад.

Риттер иддао кардааст, ки ИМА ва кишварҳои аврупоӣ барои таъмини силоҳи Украина тамоми имконоти худро ба кор гирифтаанд, аммо қисми зиёди ин силоҳу таҷҳизоти низомӣ дар ҷараёни ҷанг нобуд шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Украина ҳоло ба силоҳ ва таҷҳизоти нав барои ҷуброни талафоти низомии худ ниёз дорад, аммо иваз кардани ин таҷҳизот барои кишварҳои пуштибон дигар ба осонӣ имконпазир нест.

Риттер ҳамчунин, бо ишора ба ҳамлаи неруҳои Украина ба вилояти Курски Русия гуфтааст, ки Киев метавонад барои гирифтани пуштибонии бештар аз Ғарб роҳҳои гуногуни ташдиди даргириро пеш гирад.

Ӯ гуфтааст, ки эҳтимол дар майдони ҷанг талошҳои бештари Украина мушоҳида шавад, аммо ба бовари ӯ, ҳадафи чунин иқдомҳо бештар нишон додани қобилияти идомаи муқовимат бо пуштибонии Ғарб аст.

Ҷанги Русия ва Украина пас аз он ба марҳилаи густурдаи низомӣ ворид шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, 24 –уми феврали соли 2022 “амалиёти низомӣ” дар Украина оғоз кард. Се рӯз пеш аз он Маскав истиқлоли худхондаи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанскро ба расмият шинохта буд.

Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Русия таҳримҳои густурда алайҳи Маскав ҷорӣ карда ва ба Украина миллиардҳо доллар силоҳу таҷҳизоти низомӣ фиристодаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:48

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад.
01.10.2026 09:45

Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст

Ларри Ҷонсон, афсари собиқ ва таҳлилгари пешини Созмони марказии истихбороти Амрико (CIA), гуфтааст, ки Хадамоти махфии ҷосусии Бритониё (MI6) пуштибони асосии Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, мебошад.
01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.