Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад
Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, агар кишварҳои аврупоӣ ба Русия ҳамла кунанд, ҷанг кӯтоҳу барқосо хоҳад буд. Ӯ, ҳамзамон ҳушдор додааст, ки Маскав барои муқобила аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуд, аз ҷумла силоҳи атомӣ истифода хоҳад кард.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, кишвараш қасди таҳдид ба кишварҳои Аврупоро надорад, вале, ба гуфтаи ӯ, Маскав барои ҳимояи қаламрави худ ва посух додан ба ҳар гуна ҳамла имкониятҳои кофии низомӣ дорад.
Ӯ таъкид намуд, ки агар кишварҳои аврупоӣ ба муқобили Русия иқдоми низомӣ кунанд, вазъият метавонад ба як ҷанги кӯтоҳмуддат табдил ёбад.
“Агар кишварҳои Аврупо ба Русия ҳамла кунанд, ин ҷанг комилан дигар хоҳад буд ва хеле кӯтоҳ идома хоҳад кард”- таъкид намудааст Мария Захарова.
Ин суханон дар пайи изҳороти мақомоти Русия дар хусуси хатари рӯёрӯии мустақими Маскав бо кишварҳои НАТО садо медиҳад.
Як рӯз қабл аз ин, сафорати Русия дар Лондон низ дар бораи паёмадҳои эҳтимолии амалиёти низомии Британия ё НАТО бар зидди қаламрави Русия ҳушдор дода буд.
Дар изҳороти сафорат гуфта шудааст, ки дар чунин ҳолат Русия метавонад аз тамоми воситаҳои мавҷуди худ барои посух додан истифода кунад. Дар ин баёния истифодаи силоҳи ҳастаӣ низ зикр шудааст.
Ин изҳоротҳо дар шароите садо медиҳанд, ки муносибатҳои Русия ва кишварҳои аврупоӣ бар асари ҷанги Украина ва афзоиши кумакҳои низомӣ ба Киев ба сатҳи баланди таниш расидааст.
Мақомоти аврупоӣ дар рӯзҳои охир масъалаҳои марбут ба тақвияти иқтидори дифоии кишварҳои худ ва идомаи пуштибонии низомӣ аз Украинаро баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла, масъалаи имкони ҳадаф қарор додани баъзе пойгоҳҳои дифои ҳавоӣ ва системаҳои мушакии Русия дар вилояти Калининград низ дар баҳсҳои мақомоти аврупоӣ матраҳ шудааст.
Русия қаблан борҳо гуфта буд, ки афзоиши ҳузур ва дастгирии низомии кишварҳои НАТО дар ҷанги Украина метавонад хатари рӯёрӯии мустақим миёни Маскав ва ин эътилофро бештар кунад.
Дар муқобил, кишварҳои аврупоӣ дастгирии Украинаро бахше аз сиёсати амниятии худ ва вокуниш ба ҷанги Русия алайҳи Украина медонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Президенти кишвар бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот карданд