Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст
Гӯшти Муғулистон дар роҳ ба сӯйи Душанбе боздошт шуд
Русия содироти беш аз 1 миллион рубли нақд ба Тоҷикистонро маҳдуд кард
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
Гӯшти Муғулистон дар роҳ ба сӯйи Душанбе боздошт шуд
Мақомоти Қазоқистон аз боздошти як мошини боркаш бо 20 тонна гӯшти яхкардаи гӯсфанд хабар доданд, ки аз Улан-Батори Муғулистон ба Душанбе интиқол меёфт.
Бар асоси иттилои мақомоти Қазоқистон интиқоли ин бор ба воситаи қаламрави кишвар ба маҳдудиятҳои байторӣ мухолиф будааст. Ин ҳолат дар гузаргоҳи байтории “Сирим” дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ошкор шудааст.
Дар ин бора расонаи “Казинформ”-и Қазоқистон бо такя ба Вазорати кишоварзии ин кишвар хабар додааст.
Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки барои интиқоли гӯшти гӯсфанд аз Муғулистон ба Душанбе ба воситаи қаламрави Қазоқистон маҳдудияти муваққатӣ амал мекард.
Ин маҳдудиятҳо ба вазъияти эпизоотӣ дар баъзе минтақаҳо ва қоидаҳои байторию санитрии амалкунанда марбут будааст.
Мошини боркаш ба самти Муғулистон баргардонда шуда, нисбат ба ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода ва ҷарима таъйин шудааст.
Дар ҳамин гузаргоҳ ҳолати дигари қонуншиканӣ низ ошкор шудааст. Мақомоти Қазоқистон дар вақти санҷиши мошини дигар муайян кардаанд, ки 40 тонна коҳи гандум аз вилояти Уляновски Русия ба ноҳияи Сайрами вилояти Туркистон интиқол дода мешудааст. Барои ин бор санадҳои зарурии байторӣ пешниҳод нашуда, маҳсулоти коркарди гармӣ нодида ва тамғаи дахлдор низ надоштааст.
Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз ширкатҳои боркашонӣ даъват кардааст, ки дар вақти интиқоли маҳсулоти ҳайвонӣ талаботи байторию санитарии кишвар ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро риоя кунанд.
Тибқи гуфтаи Вазорати кишоварзии Қазоқистон, аз оғози соли 2026 дар гузаргоҳи “Сирим” 249 қонуншиканӣ ошкор шуда, 249 мошини боркаш ба самти фиристанда баргардонда шудаанд. Нисбат ба 117 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст
Гӯшти Муғулистон дар роҳ ба сӯйи Душанбе боздошт шуд
Русия содироти беш аз 1 миллион рубли нақд ба Тоҷикистонро маҳдуд кард