Русия НАТО-ро ба истифодаи силоҳи атомӣ таҳдид кард
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи кумакҳои низомии Амрико ба Исроил шуд
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи кумакҳои низомии Амрико ба Исроил шуд
Берни Сандерс, сенатори амрикоӣ, гуфтааст, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд ба садои мардуми Амрико гӯш диҳад ва кумакҳои низомиро ба Исроил қатъ кунад.
Ин сенатори амрикоӣ субҳи рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр, дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст, ки ду сол пеш низ хостори раъйдиҳӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби Исроил дар Ғазза шуда буд.
Ӯ гуфтааст: “Дар моҳи январи соли 2024 ман маҷбур шудам, ки раъйдиҳӣ барои таҳқиқ дар бораи нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби Исроил дар Ғаззаро таҳмил кунам.”
Ин дар ҳолест, ки 47 сенатори амрикоӣ дар бораи қатъномае барои таҳқиқи амалҳои Исроил дар Каронаи Бохтарӣ раъй доданд.
Гуфтанист, ки дар моҳҳои ахир амалҳои Исроил дар Навори Ғазза ва ҳамлаҳои артиши ин кишвар ба ғайринизомиён бо мухолифатҳои ҷиддии сиёсатмадорон ва афкори умумии Амрико рӯбарӯ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кореяи Шимолӣ ба Сеул ҳушдор дод
Русия НАТО-ро ба истифодаи силоҳи атомӣ таҳдид кард
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи кумакҳои низомии Амрико ба Исроил шуд
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”