30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:50, Душанбе
30.09.2026 08:10

Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, иддао дорад, ки ҷанг бо Эрон “ба зудӣ” поён хоҳад ёфт.

“Ал-Ҷазира” рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр, гузориш додааст, ки Трамп гуфтааст, даргирӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон ба зудӣ поён хоҳад ёфт. Аммо ӯ дар бораи замони дақиқ ё чигунагии поёни ин даргирӣ ҷузъиёти бештаре пешниҳод накардааст.

Трамп бори дигар иддао кардааст, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки даргирӣ миёни Амрико ва Эрон ва нигарониҳои беҷои дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон аз меҳварҳои асосии таниш миёни ду кишвар будааст.

Вашингтон қаблан низ иддао карда буд, ки Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Дар ҳоле, ки Теҳрон борҳо ва қатъӣ таъкид кардааст, ки ҳадафаш ғанисозӣ дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.