Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Ҳукумати Британияи Кабир аз имрӯз, сешанбе, 29-уми сентябр, таҳримҳои нави худ алайҳи Эронро, ки қаблан эълом карда буд, ба иҷро гузошт.
Бар асоси иттилои расмии ҳукумати Британия, тағйироти нав дар низоми таҳримии ин кишвар алайҳи Эрон маҳдудиятҳои молӣ, тиҷоратӣ ва нақлиётиро дар бар мегирад. Лондон ин маҳдудиятҳоро рӯзи 8-уми сентябр эълом карда буд.
Тибқи қоидаҳои нав, бахшҳое аз соҳаҳои энергетика, дарёнавардӣ ва технологияҳои саноатӣ таҳти маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, барои пешниҳоди баъзе хизматрасониҳои молӣ ва муомилоти марбут ба вомбаргҳои давлатии Эрон маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Дар соҳаи авиатсия низ фуруд омадани ҳавопаймоҳои эронӣ дар Британия манъ шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қоидаҳои нав пешбинӣ шудаанд.
Британия барои ин иқдом барномаи ҳастаӣ ва фаъолияти минтақавии Эронро сабаби ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо номида, гуфтааст, ки ҳадаф аз таҳримҳои нав афзоиши фишор ба бахшҳое аз иқтисоди Эрон мебошад.
Стивен Даути, муовини вазири корҳои хориҷии Британия дар умури Ховари Миёна, ҳангоми эълони ин маҳдудиятҳо гуфта буд, ки Лондон мехоҳад дастрасии Эрон ба низоми молии Британия ва имкони таъмини маблағгузорӣ маҳдудтар шавад.
Британия дар моҳҳои ахир низ дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати таҳримии ИМА фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бар Эронро афзоиш додааст. Ҳукумати ин кишвар 8-уми сентябр аз таҳримҳои нави зидди Эрон хабар дода ва эълом карда буд, ки бахши асосии онҳо аз 29-уми сентябр ба иҷро медарояд.
Эрон қаблан борҳо сиёсати фишор, таҳдид ва таҳримро мухолиф бо иддаои кишварҳои ғарбӣ дар бораи омодагӣ ба дипломатия донистааст. Теҳрон мегӯяд, чунин иқдомҳо на танҳо ба ҳалли ихтилофҳо кумак намекунанд, балки фазои гуфтугӯро низ маҳдудтар месозанд.
Сафорати Эрон дар Лондон низ дар баёнияе аз тасмими ҳукумати Британия барои шадидтар кардани таҳримҳо алайҳи Эрон изҳори таассуф карда, онро ғайриқонунӣ ва мухолифи манофеи муштараки ду кишвар дониста буд.
Сафорати Эрон ҳамчунин, аз ҳукумати Британия хоста буд, ба ҷойи идомаи ин сиёсат, ҳамлаи ИМА ва Исроил алайҳи Эронро маҳкум кунад. Теҳрон ин иқдомҳоро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва соҳибихтиёрии Эрон медонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”