Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда зиёд аст.
Дар ин росто, Сарвари давлат ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ барои саҳмгузорӣ дар ин кори муҳим миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
“Аз мардуми сарбаланди вилоят даъват карда шуд, ки бо кору пайкори нек Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид, ки дар он устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят бо иҷрои суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бошукуҳ зам намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод