26 Сентябр 2026,
шанбе, 13:33, Душанбе
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.

Сумбул Лутфуллоева дар суҳбат бо Dialog.tj аз интихоби касб, мушкилиҳои таҳсил, озмунҳо ва орзуҳои ҳунариаш гуфт.

- Метавонед худро ба хонандагони мо кӯтоҳ муаррифӣ намоед?

- Дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадаам. Ман ҳангоми сафари падару модарам аз Бадахшон ба Душанбе дар роҳ ба дунё омадам. Санъат, хусусан сурудхониро дӯст медорам ва дар ин соҳа таҳсил карда истодаам.

АЗ МУҲАНДИС-ТЕХНОЛОГ ТО САРОЯНДАИ ЭСТРАДӢ

- Шумо Академияи давлатии Маскавро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардаед. Чӣ гуна шуд, ки ин касбро интихоб кардед?

- Ман аз хурдӣ овозхониро дӯст медоштам ва мехостам дар ин соҳа таҳсил намоям, вале модарам пешниҳод намуданд, ки дар Маскав ихтисоси муҳандис-технологро омӯзам. Ҳамин тавр, сухани модарамро рад карда натавонистам ва касби мазкурро аз худ намудам.

- Таҳсил дар Маскав чӣ душвориҳо дошт?

- Дар Маскав душвориҳо кам набуданд, вале ман аз ҳама мушкилиҳо дарс гирифтам. Аз ҷониби дигар, дарсҳо хеле ҷиддӣ мегузаштанд, ки албатта, барои беҳтару амиқтар омӯхтан ва соҳибкасб шудани мо кумак карданд. Ҳамчунин, замони донишҷӯӣ дар озмуну чорабиниҳои гуногун иштирок кардам ва то қадри имкон миллату давлатамонро муаррифӣ намудам.

- Аз нигоҳи аввал ихтисоси муҳандис-технолог хеле душвор ва ҷиддӣ менамояд, бигӯед, ки то чӣ андоза ин касбро аз худ кардед ва оё имрӯз аз рӯйи ихтисосатон кор мекунед?

- Таҳсил дар Маскав осон набуд, вале ман хондам ва соҳибкасб шудам. Мутаассифона, аз рӯи ихтисосам кор накардам. Пас аз хатм дар кишвари худамон курсҳои дӯзандагӣ ва муҳосибиро гузаштам, муддате ҳамчун хазиначӣ ва оператори ширкати таксӣ фаъолият кардам, аммо чун ба овозхонӣ меҳри зиёд доштам, роҳи санъатро пеша кардам.

- Ҳоло дар Инстраграм обуначиёни зиёд доред ва Шуморо бештар ҳамчун сароянда мешиносанд. Бигӯед, чӣ сабаб шуд, ки ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шудед?

- Ҳарчанд замони мактабӣ дар чорабиниҳо фаъол будам ва сурудхонӣ мекардам, вале модарам ба истеъдоди ман аҳамият намедоданд ва ҳангоме ки аз Маскав диплом овардаму хоҳиш кардам, ки аз рӯи шавқу завқам мехоҳам дар соҳаи санъат таҳсил кунам, аввал хуб қабул накарданд, вале ҳоло аз дастовардҳоям хурсанданд. Дар зимн, ба ҷавонон гуфтаниям, ки ҳаргиз аз орзуҳояшон даст накашанд ва кӯшиш кунанд, ки истеъдоди худро кашф кунанду мувофиқ ба шавқу завқи худ касб интихоб намоянд.

- Ба андешаи Шумо, муаллими хуб дар рушди як ҳунарманд чӣ нақш дошта метавонад?

- Муаллим метавонад дар рушди ҳар шогирд нақши бениҳоят муҳим дошта бошад. Маҳз омӯзгор аст, ки истеъдоди моро кашф мекунад ва барои рушди он кӯшиш менамояд. Муаллим чароғест, ки ба мо рӯшноӣ медиҳад ва тавассути он мо ҷойгоҳи худро меёбем.

- Сароянда метавонад овози хеле хуб дошта бошад, аммо ба дил нарасад. Ба назари Шумо, барои ба дил расидан чӣ лозим аст?

- Бояд аз дил сароид ва ҳолатеро, ки дар суруд баён мешавад, худ эҳсос кард. Барои мисол, вақте ки сароянда дар бораи дарде месарояд, пеш аз ҳама онро бояд худаш ҳис кунад, дар дилаш ғунҷонад ва сипас, ба дилҳо роҳ меёбад. 

- Шумо мехоҳед сарояндаи машҳур шавед ё ҳунарманде, ки баъд аз солҳои зиёд сурудҳояш арзиш дошта бошанд?

- Бисёр мехоҳам, ки сурудҳоям мондагор бошанд, пас аз солҳои зиёд онҳоро гӯш кунанд ва ҳар шунаванда барои худ чизе бигирад. Кӯшиш мекунам, ки сурудҳои хубу пурмаъно сароям.

- Ҳунар метавонад ҷомеаро тағйир диҳад?

- Бале, ҳунар қудрати бузург дорад, вале тағйир додани одамон ё ҷомеа маҳз аз ҳунармандон вобаста аст. Агар ҳунарро ба нафъи ҷомеа истифода кунем, албатта, мардумро ба тарафи мусбат тағйир медиҳад.

- Ҳунарманд бештар бояд ба завқи мардум пайравӣ кунад ё завқи мардумро боло барад?

- Агар хоҳем, ки пеш равем, албатта, бояд коре кунем, ки завқи мардумро боло бардорем. Завқи мардумро бо сурудҳои маънидор ва хубу мондагор боло бурдан имкон дорад.

- Агар маҷбур шавед, ки миёни ихтисоси якум ва дуюматон якеро интихоб намоед, кадомашро интихоб мекунед?

- Ҳоло сарояндагиро интихоб мекунам ва кӯшиш карда истодаам, ки дар ин роҳи ноҳамвор худамро ёбам.

“МИСС ДУШАНБЕ” ВА “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

- Шумо яке аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни шаҳрии “Мисс Душанбе” будед ва то даври ниҳоӣ рафтед. Чӣ хел тасмим гирифтед, ки бояд дар озмуни мазкур иштирок кунед?

- Ростӣ, хоҳаронам пешниҳод карданд, ки иштирок кунам ва ман розӣ шудам.

- Иштирок дар озмун чӣ душворӣ дошт?

- Азбаски дар боғча, мактаб ва донишгоҳ бо забони русӣ таҳсил кардаам, бо забони тоҷикӣ ба дараҷаи олӣ суҳбат карда наметавонам ва ин ягона мушкили ман дар озмуни мазкур буд. Ҳоло кӯшиш карда истодаам, ки сатҳи донистани забони модариамро беҳтар кунам.

- Агар соли оянда боз озмуни мазкур баргузор гардад, иштирок мекунед?

- Не, иштирок намекунам.

- Шумо барандаи ҷойи сеюми даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳастед. Чӣ хел дар ин озмун иштирок кардед, чанд муддат омодагӣ дидед ва оё бовар доштед, ки ғолиб мешавед?

- Пеш аз ҳама, бояд бигӯям, ки ман дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади худамро санҷидан иштирок кардам. Хостам муҳит, омодагӣ, баҳогирӣ, ҳаяҷон ва ғайраро эҳсос кунам. Омодагии хеле зиёд дидам, ҳатто то соатҳои 22-23-и шаб ҳам кор мекардам. Аз ҳама марҳилаи душвор интихоби суруд буд, ки албатта, аз уҳдааш баромадем. Дар мавриди рақобат бошад, ростӣ, намедонистам, ки то ин андоза рақобат ҷиддӣ мешавад. Ҳама иштирокчиён овози хуб доштанд ва меҳнати зиёд мекарданд. Ҳарчанд барои таҷриба гирифтан иштирок кардам, вале бовар доштам, ки дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҷойи муайянеро соҳиб мешавам, вале ғолиби ҷойи сеюм дар даври ҷумҳуриявӣ гардидан, то андозае боварнокарданӣ буд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.