22 Сентябр 2026,
сешанбе, 21:57, Душанбе
22.09.2026 18:24

Рӯдакӣ дар чашми расонаҳои Эронӣ: аз “падари шеъри форсӣ” то намоди фарҳангии муштараки Эрону Тоҷикистон

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми сентябр ҳамчун рӯзи гиромидошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, ҳар сол дар расонаҳои эронӣ мақолаву гузориш нашр мешавад.

Чеҳраҳои адабӣ, фарҳангӣ ва шахсиятҳо дар бораи Рӯдакӣ сухан мегӯянд ва ӯро ҳамчун намоди фарҳангии муштараки мардуми ду кишвар муаррифӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, ки аз марги Рӯдакӣ беш аз 1000 сол гузашт, баъд аз авҷи шуҳрат дар дарбори Сомониён, дар ин аср низ, номи ӯ бо шуҳрати хоси адабиву сиёсие, ки дорад, зикр мешавад.

Расонаҳои форсизабон, махсусан расонаҳои эронӣ бо эҳтироми хос аз таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ менависанд. Расонаҳои форсизабон ӯро бештар “падари шеъри форсӣ”, “Одамушшуаро” ва яке аз чеҳраҳои асосии адабиёти классики форсӣ меноманд.

Матолиби нашршуда дар расонаҳои эронӣ нишон медиҳад, ки дар бораи осори боқимонда ва ҳатто ҳаҷми воқеии мероси адабии Рӯдакӣ масъалаҳои баҳсӣ вуҷуд дорад.

Агар ба гӯшаи фарҳангии расонаҳои эронӣ мурур кунем, маълум мешавад, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фақат як шоири фарҳангӣ нест. Ӯ бештар ба ҳайси нуқтаи оғози як давраи бузурги адабӣ муаррифӣ мешавад. Даврае, ки забони форсӣ тадриҷан ба ҳайси забонҳои муҳимми адабиёти минтақа ташаккул ёфт. Абуабдуллоҳ Рӯдакиро, бархе расонаҳои Эрон оғозгар ё бунёдгузори забони форсии имрӯз низ муаррифӣ мекунанд.

Яке аз хабаргузориҳои Эрон дар соли 2024, дар рӯзи 22-юми сентябр мақолаеро таҳти унвони “Рӯдакӣ, шоире, ки таърихи форсӣ бо ӯ оғоз мешавад”, нашр кард. Муаллифи ин мақола мақом ва ҷойгоҳи фарҳангии Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дар китобҳои таърихӣ ҷӯста, нуқтаҳои қобили таваҷҷуҳеро зикр мекунад.

Дар ин гузориши хабаргузории “Меҳр”-и Эрон ҷойгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар “Лубоб-ул-албоб” -и Садриддин Авфӣ ва “Таърихи Байҳақӣ” баррасӣ шуда, ӯ ба ҳайси устод ва шоире тасвир мешавад, ки номаш дар сарчашмаҳои классикии таърихи адабиёти форсӣ борҳо зикр шудааст. Нақши сиёсиву фарҳангии Рӯдакӣ дар замон ва асраш, дар расонаҳои эронӣ, ба таври назаррас мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Падари шеъри форсӣ

Яке аз маъруфтарин таъбирҳое, ки дар расонаҳои Эрон дар хусуси Рӯдакӣ истифода мешавад, номи “Падари шеъри форсӣ” мебошад. Ин фақат як унвон рамзӣ нест. Расонаҳои эронӣ дар вақти шарҳи ҷойгоҳи Рӯдакӣ ба нақши ӯ дар ташаккули қолабҳои мухталифи шеър, рушди забони адабӣ ва таъсири ашъораш ба шоирони баъдӣ ишора менамояд.

Хабаргузории “Тасним” дар матлабе ӯро “падари шеъри форсӣ” номида, зикр мекунад, ки аз девони бузурги ин шоири номвар қисми кам боқӣ монда, қисматҳои зиёди шеъри ӯ то ба замони мо нарасидааст. Ин хабаргузорӣ менависад, ки таҳқиқи матни ашъори Рӯдакӣ аз асри XIX ба баъд марҳилаи муҳимро аз сар гузарондааст ва бо вуҷуди нашри чандин девони тасҳеҳшудаи ӯ, масъалаи дуруст хондану муайян намудани баъзе байтҳои ӯ яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад. Ин хабаргузорӣ менависад, ки таҳқиқи матни ашъори Рӯдакӣ аз асри XIX ба баъд, марҳилаи муҳимро аз сар гузаронидааст ва бо вуҷуди нашри чандин тасҳеҳи девони ӯ, масъалаи дуруст хондану муайян намудани баъзе байтҳо ҳанӯз идома дорад. Ин масъала ҳанӯз дар расонаҳои Эрон яке аз муаммоҳои таҳқиқи осори Рӯдакӣ зикр мешавад.

Шоире, ки қисими бузурги осораш гум шудааст

Яке аз паҳлуҳои ҷолибтарини ҳолномаи зиндагии Рӯдакӣ ин аст, ки қисми зиёди осораш то ба замони мо омада нарасидааст. Расонаҳои эронӣ дар вақти навиштани ҳолномаи зиндагии Рӯдакӣ ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ кардаанд. Расонаҳои эронӣ менависанд, аз як тараф дар сарчашмаҳои қадимӣ аз ҳаҷми бузурги осори ӯ зикр мешавад, аз тарафи дигар, имрӯз хонанда бо маҷмуаи нисбатан хурди ашъори аз ӯ боқимонда рӯ ба рӯ мебошад.

Хабаргузории “Тасним” дар ин бора менависад, ки девони Рӯдакӣ дар давраҳои мухталиф борҳо ба нашр расидааст, вале имрӯз муҳаққиқон ҳанӯз ҳам дар баъзе ашъори чопшуда, маънии вожаҳо ва нисбат додани байтҳо ба шоир ихтилофи назар доранд. Ҳамин мушкил, аҳамияти кори муҳаққиқони рӯдакишиносро бештар намудааст.

“Бӯи ҷӯи мӯлиён” номи Рӯдакиро зинда нигоҳ дошт

Дар матлаби расонаҳои Эрон ашъори машҳури Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар миёни ашъори Рӯдакӣ шеъри “Бӯи ҷӯи мӯлиён” маъруфияти бештар дорад. Ин шеър дар адабиёти форсӣ ба номи Рӯдакӣ пайванди қавӣ дошта, дар вақти сухан ба муносибати шоир бо дарбори Сомониён ва Амир Насри Сомонӣ борҳо ёд мешавад. Ин шеър, ки бо ривояту қиссаҳо дар осори гузашта ва имрӯз маъруф аст, яке аз шеърҳои машҳури Рӯдакӣ буда, даҳҳо шоир ба пайравӣ аз он шеър гуфтаанд. Расонаҳои эронӣ фақат бо ҳамин иктифо намекунанд, онҳо бо таваҷҷуҳ ба мақоми Рӯдакӣ дар адабиёт, ин шоири бузургро намоди фарҳангии мардуми форсизабон меноманд.

Ривояти машҳури бо хондани ин шеър шоҳи Сомониён ба сӯйи Бухоро мешитобад, дар расонаҳои эронӣ маъруф аст ва гӯё ин шеър як навъ намоди шиносоии Рӯдакӣ дар миёни мухотабон аст. Ғазалу қасидаву рубоӣ ва дигар ашъори Рӯдакӣ, ки дар маҷмуъ, чандон зиёд нест, моро ба замони таърихии ҳукмронии Сомониён мебарад ва ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ дар он давр низ дар канори давлатмардони бузург дар ҷойгоҳи хос қарор доштааст.

Рӯдакӣ ва Сомониён

Дар матбуот дар бораи муҳити зиндагии шоир, махсусан давраи ҳумкронии Сомониён махсус зикр мешавад. Рӯдакӣ дар ин навиштаҳо ба ҳайси шоири бузурги дарбори Сомониён муаррифӣ мешавад. Ин давра барои рушди забони форсӣ аҳамияти хос дорад ва аз ҳамин сабаб, номи Рӯдакӣ дар матолиби фарҳангии Эрон бештар дар канори номи Бухоро, Самарқанд ва муҳити адабии Мовароуннаҳр зикр мешавад.

Ин ҷиҳат барои хонандаи тоҷик низ хеле муҳим аст, зеро расонаҳои эронӣ дар вақти шарҳи оғози адабиёти форсӣ ба як фазои густурдаи таърихию фарҳангӣ такя мекунанд, ки имрӯз дар миёни чанд кишвари минтақа тақсим шудааст.

Рӯдакии самарқандӣ ё панҷакентӣ?

Ба навиштаи расонаҳои эронӣ Рӯдакӣ дар тазкира ва китобҳои таърихӣ ба ҳайси Рӯдакии Самарқандӣ зикршуда ва муаррифӣ мегардад. Баъд аз оғози ҳукуматдории давлати Шӯравӣ ривояти зиндагӣ, махсусан ҷойи дафн ва зодгоҳи шоир, мавриди таҳқиқи олимон қарор гирифт. Бо такя ба пажӯҳиши муҳаққиқони Шӯравӣ маълум шуд, ки Рӯдакӣ зодаи деҳаи Панҷрӯди Панҷакент аст.

Дар баъзе сарчашмаҳаи эронӣ Рӯдакӣ бо ҳамин насаб муаррифӣ мешавад. Муассисаи фарҳангии ЭКО низ дар мақолаи худ номи Рӯдакии Самарқандиро зикр мекунад, зодгоҳи ӯро ба минтақаи Рӯдак, Панҷрӯди имрӯзӣ дар шарқи Самарқанд нисбат медиҳад. Дар расонаҳои эронӣ ташаббуси Айнӣ дар мавриди маълум намудани макони дафни Рӯдакӣ ё зодгоҳи шоир махсус ишора мешавад. Расонаҳои Эрон саҳми Айниро дар маълум намудани зодгоҳи шоир махсус зикр намуда, таъкид мекунанд, ки маҳз талошҳои муҳаққиқон дар замони Шӯравӣ имкон фароҳам овард, ки ҳама чиз дар хусуси зодгоҳи Рӯдакӣ маълум шавад.

Расонаҳои эронӣ менависанд, ки Айнӣ бо омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва сафар ба деҳаҳои атрофи Самарқанд ва Панҷакент ба ин хулоса расида буд, ки “Банҷрӯдак” ё “Панҷ” -и зикршуда дар сарчашмаҳои қадим метавонад ба Панҷрӯди имрӯзи Тоҷикистон мувофиқат намояд.

Расонаҳои эронӣ менависанд, баъдтар соли 1956 пажӯҳиши Михаил Герасимов ва гурӯҳи олимони тоҷик ва рус дар Панҷрӯд анҷом шуд. ЭКО менависад, дар вақти таҳқиқи қабри ба Рӯдакӣ нисбатдодашуда, як қатор нишонаҳое пайдо шуданд, ки бо тавсифҳои таърихии шоир мувофиқат менамуданд. Ҳамин тариқ, расонаҳои эронӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки зогоҳи Рӯдаки минтақаи Панҷрӯди Тоҷикистон аст.

Рӯдакӣ фақат шоир набуд

Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар расонаҳои эронӣ фақат ба ҳайси шоири бузург зикр намешавад. Онҳо Рӯдакиро ба ҳайси як намод ё фигураи асосии таъсиргузор дар давраи ҳукмронии Сомониён тасвир мекунанд. Онҳо аз ҳунари мусиқидонии Рӯдакӣ низ ёд мекунанд.

Дар як матлабе, ки хабаргузории “Меҳр” аз номи мудири Бунёди Рӯдакӣ нашр кардааст, ӯ яке аз шоирони маъруф ва мусиқидони даврони худ номида шудааст. Дар ҳамон матн таъкид мешавад, ки ашъори Рӯдакӣ асрҳо дар миёни форсизабонон ва дӯстдорони забону адабиёти форсӣ маҳбубият дошту дорад. Ин тасвир ба образи маъмултарини Рӯдакӣ як сифати дигар илова мекунад. Шоир фақат бо қалам не, балки бо мусиқӣ ва ҳунар низ пайванд доштааст.

Ин нукта муҳим аст, ки дар Эрон номи Рӯдакӣ фақат ба ҳайси шоир дар китобҳои дарсӣ зикр намешавад. Барои зинда намудани номи шоир дар Теҳрон Бунёди фарҳангӣ-ҳунарии Рӯдакӣ фаъолият мекунад. Як бинои фарҳангӣ бо номи Толори Рӯдакӣ дар Эрон исми ӯро дар миёни муҳимтарин маконҳои фарҳангии Эрон муаррифӣ мекунад. Расонаҳои эронӣ ҳамавақт аз баргузории нишастҳои фарҳангӣ, баргузории консертҳо, фестивал ва барномаҳои фарҳангӣ дар ин маҷмуа хабар медиҳанд. Эрониён бо Бунёди Рӯдакиву Толори Рӯдакӣ номи ин шоири бузурги даврони Сомониёнро дар муҳити адабии худ ҳамеша зинда нигоҳ медоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

22.09.2026 18:24

Рӯдакӣ дар чашми расонаҳои Эронӣ: аз “падари шеъри форсӣ” то намоди фарҳангии муштараки Эрону Тоҷикистон

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми сентябр ҳамчун рӯзи гиромидошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, ҳар сол дар расонаҳои эронӣ мақолаву гузориш нашр мешавад.
22.09.2026 17:03

Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо нашри як мақола дар хабаргузории “Блумберг” хостори лағви ҳаққи вето дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шудааст. Ӯ гуфтааст, низоми кунунии Шурои амният ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир мувофиқат намекунад.
22.09.2026 11:50

Сироҷиддин Муҳриддин дар СММ суханронӣ хоҳад кард

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат ва суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 20-уми сентябр ба шаҳри Ню-Йорк, қароргоҳи асосии ин созмон сафар кард.
22.09.2026 11:00

Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
22.09.2026 10:58

Дар пойтахт Форуми байналмилалӣ ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» баргузор мегардад

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition-DITE-2026) баргузор гардид.
22.09.2026 10:52

Ироқчӣ: “Мақомоти Эрон аз ҳаққи мардуми худ дар шаҳри Ню-Йорк дифоъ мекунанд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар оғози сафараш ба шаҳри Ню-Йорк дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфт, ҳадафи асосии сафари ҳайати эронӣ ба Амрико ва суханронӣ дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардуми Эрон аст.
22.09.2026 10:40

Макрон: “Бо ИМА барои боз намудани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ мекунем”

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, ки кишвараш бо ИМА барои коҳиши таниш дар бозорҳои энергетикӣ, ҳифзи зерсохторҳои муҳим дар Ховари Миёна ва таъмини гашти озоди киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ хоҳад кард.
22.09.2026 10:33

Боз як корхонаи коркарди нафти Русия ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Дар идомаи ҳамлаҳои Украина ба зерсохторҳои энергетикии Русия, корхонаи коркарди нафти «Куйбишев»-и ширкати давлатии «Роснефт» дар вилояти Самара ҳадафи ҳамлаи шабонаи ҳавопаймои бесарнишин қарор гирифтааст.
22.09.2026 09:32

Сарвари давлат дар шаҳри Истиқлол хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ифтитоҳ намуданд

21-уми сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол ифтитоҳ гардид.