Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
Манбаъ навиштааст, ки фестивали мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ҳунармандони сирк ва намояндагони мактабҳои гуногуни сирки кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд.
“Ҳадафи фестивал таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо тавассути санъати сирк мебошад”, - афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ Осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид.
Гуфта мешавад, ки осорхона таърихи рушди санъати сирк ва фаъолияти ҳунармандони ин муассисаро бозгӯ намуда, ба ҳифзи мероси сиркӣ ва муаррифии дастовардҳои он мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад