Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар мулоқот масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба минтақаҳои Русия, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Дар вилоят беш аз 1300 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, садҳо номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Бо назардошти иқтидори мавҷуда, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ метавонад барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар самти баромадан ба бозорҳои Русия имкониятҳои нав фароҳам оварад”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили истеҳсолоти муштаракро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки роҳандозии корхонаҳои муштарак ба коркарди ашёи хом, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад