Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Лавров: “Агар Аврупо ба Русия ҳамла кунад ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба он ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои аврупоиро надорад, гуфт, ки дар сурати ҳамлаи Аврупо ба Русия ҷанг “комилан дигар” ва “хеле кӯтоҳ” хоҳад буд.
Тибқи гузориши расонаҳо, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия рӯзи чоршанбе дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Екатерингбург афзуд, Русия борҳо таъкид намудааст, ки қасди ҳамла ба кишварҳои аврупоиро надорад ва чунин иқдом барои Маскав ҳич манфиате дар пай нахоҳад дошт.
“Аммо агар Аврупо, ки пайваста дар бораи омодагӣ ба ҷанг бо Русия сухан мегӯяд, ба Федератсияи Русия ҳамла кунад, ин ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”- зикр мекунад Сергей Лавров.
Бар асоси иттилои ӯ, Русия ҳадафи рӯёрӯйӣ бо Аврупоро надорад ва ин мавқеъ борҳо аз ҷониби мақомоти ин кишвар, аз ҷумла аз ҷониби Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баён шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид кард, ки Аврупо кайҳо боз роҳи таҳрими Русияро интихоб намудааст ва густариш додани НАТО ба ҷониби марзҳои Русияро намунаи рӯшани ин амал донист.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад