Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Корҳои сохтмони лӯлаи гази ТАПИ дар Ҳирот 80 дарсад иҷро шудаанд
Мақомоти ҳукумати террористии Толибон гуфтаанд, ки корҳои бунёди қисмати афғонистонии хати лӯлаи гази ТАПИ дар вилояти Ҳироти Афғонистон 80 дарсад иҷро шуд.
Бар асоси гузориши Толибон, аз роҳи тақрибан 153 километрии лӯла дар ҳудуди Ҳирот, барои бунёди он 150,3 километр роҳ омода шудааст. Ин баробар ба 98 фоизи корҳои омодасозии роҳи хати лӯлаи газ аст. Ҳамчунин, 134,2 километр роҳҳои дастрасӣ ва назоратии вобаста ба лӯла бунёд шудааст.
Тибқи иттилои Толибон корҳои кафшергарӣ ва гузоштани қубур дар 122,3 километр ба анҷом расида, 71,5 километр қубур дар зери замин ҷойгир карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки хати лӯлаи гази ТАПИ бояд гази Туркманистонро аз тариқи Афғонистон ва Покистон ба Ҳиндустон интиқол диҳад. Дарозии умумии ин лӯла тақрибан 1814 километр буда, 774 километри он аз қаламрави Афғонистон убур мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад