Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон 10 нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодӣ дар Бадахшон боздошт кардаанд
Манобеи маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон 10 нафарро дар ноҳияҳои Шукай ва Хоҳони вилояти Бадахшон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодии Афғонистон боздошт кардаанд.
Манобеъ рӯзи душанбе, 14-уми сентябр, дар суҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ”- Афғонистон гуфтаанд, ки ҳашт нафар дар ноҳияи (вулусволии) Шукай ва ду нафари дигар дар ноҳияи Хоҳон боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, Толибон дар маҷмуъ 10 нафарро ҳамроҳ бо силоҳҳояшон дар минтақаҳои Сабз ва Жарф дар маркази ноҳияи Шукай боздошт карданд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон рӯзи гузашта низ хабар дода буданд, ки Толибон ду нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилояти Бадахшон боздошт карданд.
Манобеъ гуфтанд, ки Толибон қумондон Кароматуллоҳ, яке аз низомиёни ҳукумати пешинро, ҳамроҳ бо муҳофизи ӯ бо номи Ёрмуҳаммад боздошт карданд.
Ин боздоштҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамлаҳои низомии худро алайҳи ҷангҷӯёни Толибон дар Бадахшон афзоиш додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад