Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Бақоӣ: “Амрико дар ҳамла ба Ломард ҷинояти ҷангӣ содир кард”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, Амрико дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Ломард “ҷинояти ҷангӣ” содир кардааст.
Бақоӣ рӯзи душанбе, 14-уми сентябр, дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки санадҳои ин ҳодиса барои пайгирии адолат ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони он ҷамъоварӣ хоҳанд шуд.
Ӯ афзудааст, ки дар ҳамла ба Ломард дар пайи инфиҷори чаҳор мушак, 20 сокини ин шаҳр ва як меҳмони афғон ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса ҳамчунин, 180 нафар захмӣ шудаанд ва шуморе аз кӯдакон ҳанӯз бо ҷароҳатҳо ва маъюбияти бар асари ин ҳамла бавуҷудомада дасту панҷа нарм мекунанд.
Бақоӣ таъкид кардааст: “Ҷароҳатҳои бар асари чунин ҷинояти ваҳшиёна ҳеч гоҳ шифо нахоҳанд ёфт: бояд онҳоро ба хотира, санад ва адолат супурд.”
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико дар пайи даргириҳои низомии ахир афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад