Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мулло Бародар ва сафири Туркия дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтугӯ кардаанд
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии раёсати вазирони гурӯҳи террористии Толибон, дар дидор бо сафири Туркия бар густариши равобити дуҷониба миёни ду тараф таъкид кардааст.
Хабаргузории “Бохтар”-и таҳти назорати Толибон рӯзи панҷшанбе, 10-уми сентябр гузориш дода, ки Бародар дар дидор бо сафири Туркия дар бораи тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитӣ гуфтугӯ кардааст.
Ӯ аз сармоягузорони Туркия хостааст барои афзоиши сармоягузорӣ дар Афғонистон иқдом кунанд ва дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ фаъолиятҳои худро густариш диҳанд.
Сафири Туркия низ дар ин дидор бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Толибон ва Туркия таъкид кардааст.
Сафири Туркия ҳамчунин, бар осон кардани раванди гирифтани виза барои шаҳрвандони Афғонистон ва ҳамкорӣ дар тавсеаи равобит бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад