Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
“Иттилоот барои терори сафир”. Русия як нафарро барои ҷамъоварии иттилооти сафири Британия боздошт кард
Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) хабар дод, ки як корманди ширкати муҳофизатии сафорати Британия дар Маскавро ба иттиҳоми ҷамъоварӣ ва интиқоли иттилоот ба Украина боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ин мард иттилооти вобаста ба сафир ва дигар дипломатҳои Британия, аз ҷумла суроғаҳои истиқоматӣ, мошинҳои онҳо ва ҷадвали ҳаракаташонро ҷамъоварӣ намуда, ба намояндаи Украина мерасонд.
Мақомоти Русия мегӯянд, ки иттилооти ҷамъоваришуда барои омода намудани ҳамлаҳои диверсионӣ ва террористӣ бар зидди сафири Британия ва дигар кормадони дипломатӣ пешбинӣ шуда буд.
ФСБ мегӯяд, корманди боздоштшуда шаҳрванди Русия буда, дар сафорати Британия ба сифати муҳофиз кор мекард. Ӯ аз моҳи январи соли ҷорӣ иттилоот дар хусуси сафир, муовинони ӯ ва дигар кормандони сафоратро ба блогери украинӣ Дмитрий Карпенко, маъруф ба номи “Апостол” интиқол додааст.
ФСБ мегӯяд, ин шаҳрванди Русия ба иттилооти шахсии дипломатҳо, аз ҷумла рақамҳои телефон, аксҳо, суроғаи истиқоматӣ ва мошинҳои истифодашавандаи онҳо таваҷҷуҳ доштааст.
Бар асоси гузориши ФСБ иттилоот дар бораи низоми амниятии сафорат низ ба Карпенко расонда шудааст. Аз ҷумла, ӯ мехост дар хусуси тартиби вуруд ба бино, шумораи кормандони муҳофизатӣ ва тарзи ҳифзи қароргоҳи сафир маълумот дошта бошад.
Корманди боздоштшуда дар наворе, ки ФСБ нашр кард, мегӯяд, мақомоти Украина ба чунин иттилоот барои анҷоми фаъолияти диверсионӣ бар зидди сафири Британия дар Маскав ниёз дорад.
ФСБ чанд намунаи мукотибаи фарди боздоштшуда бо блогери украиниро нашр кард. Дар ин мукотибаҳо рӯйхати сокинони қароргоҳи сафир, рақамҳои телефон, аксҳо ва ҷадвали ҳаракати сафир мавҷуд будааст.
Нисбати фарди боздоштшуда бар асоси моддаи 275 -и Кодекси ҷиноии Русия - “хиёнат ба давлат” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Номи ин шахс аз ҷониби ФСБ ошкор нашудааст ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад