23 Октябр 2026,
ҷумъа, 09:42, Душанбе
04.09.2026 09:46

Трамп гузоришҳо дар бораи коҳиши захираҳои аслиҳаи Амрикоро рад кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гузоришҳо дар бораи коҳиши захираҳои аслиҳаи ин кишварро рад карда ва гуфтааст, ки артиши Амрико бо камбуди аслиҳа рӯбарӯ нест.

“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 3-уми сентябр, гузориш додааст, ки Трамп гузоришҳои расонаӣ ва таҳлилҳои мустақил дар бораи коҳиши захираҳои аслиҳаи Амрикоро “комилан нодуруст” хондааст.

Трамп гуфтааст, ки Амрико “тақрибан миқдори номаҳдуди” муҳимоти ҷангии дорои сифати миёна то баланд дар ихтиёр дорад.

Ӯ ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи камбуди баъзе аслиҳаи пурқудрат, аз ҷумла мушакҳои “Томагавк”, “Патриот” ва низоми дифои мушакии “THAAD”-ро рад кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки Вашингтон раванди истеҳсоли таслиҳотро низ суръат бахшидааст ва қарор аст фурӯши он ба муттаҳидони ин кишвар аз сар гирифта шавад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки теъдоде аз расонаҳои амрикоӣ дар ҳафтаҳои ахир дар бораи коҳиши захираҳои баъзе аслиҳаи Иёлоти Муттаҳида гузориш додаанд.

Бар асоси ин гузоришҳо, ирсоли баъзе аслиҳаи Амрико ба муттаҳидонаш, аз ҷумла Швейтсария ва Ҷопон, дар ҷараёни ҷанги Амрико бо Эрон барои чандин моҳ ба таъхир афтодааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

23.10.2026 09:07

Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳаҷми сӯзишвории дизелие, ки Русия тибқи созиши ахир бо Вашингтон таъмин мекунад, барои таъсир гузоштан ба нархҳо дар бозори Амрико кофӣ нест. Ӯ ҳамчунин, Доналд Трампро даъват кардааст, ки барои ба мизи музокирот овардани Владимир Путин аз фишори бештар истифода кунад.
23.10.2026 08:59

Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”

Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи ин кишвар, дар рӯзҳои ахир гуфтугӯ бо мақомоти Русия ва Украинаро аз сар гирифтааст.
23.10.2026 08:49

Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд

Ба муносибати 1050-солагии яке аз аввалин занони шоир дар адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ рӯзи 21-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робиаи Балхӣ - нахустин нидои ишқ” ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор гардид.
22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2015 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.
22.10.2026 10:56

Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон Эронро дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ шикаст додааст. Доналд Трамп Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам намуда, дар мавриди мардуми Эрон суханҳои тавҳиномез гуфт.
22.10.2026 10:44

Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи бунёди зеристгоҳ барои низоми магистралии интиқоли неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шуд.
22.10.2026 10:35

Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.