4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:27, Душанбе
17.08.2026 19:51

Амрико ва Эрон оташбасро ба муҳлати 60 рӯзи дигар тамдид кардаанд

Иёлоти Муттаҳида ва Эрон барои тамдиди режими оташбас миёни ду кишвар ба муҳлати 60 рӯзи дигар ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора рӯзи душанбе, 17-уми август расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъҳо, ин созиш ба ёддошти тафоҳуме, ки ИМА ва Эрон моҳи июн имзо карда буданд, марбут аст. Муҳлати пешбинишудаи режими оташбас рӯзи 17-уми август ба анҷом мерасид.

Хабар дар бораи тамдиди оташбас дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзҳои қаблӣ дар мавриди идомаи созиш номуайянӣ вуҷуд дошт. Рӯзи 12-уми август як мансабдори эронӣ ба “Ройтерз” гуфта буд, ки миёни Теҳрон ва Вашингтон музокироти мустақим барои тамдиди оташбас сурат нагирифтааст.

Ҳамзамон, мақомоти Покистон қаблан гуфта буданд, ки ИМА ва Эрон барои тамдиди оташбас ба мувофиқа расидаанд, ҳарчанд муҳлати дақиқи тамдид ҳанӯз муайян нашуда буд.

Масъалаи таниш миёни ду кишвар ба вазъи тангаи Ҳурмуз низ иртибот дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14-уми август гуфта буд, ки пас аз анҷоми низоъ бо Эрон мехоҳад тангаи Ҳурмузро қаламрави Амрико эълон кунад. Ӯ ҳамчунин, муҳосираи бандарҳои Эронро “девори пӯлодин” номида буд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, бо қабули мувофиқатномаи нав оташбас миёни Амрико ва Эрон 60 рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо