Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Тағйироти ҷиддӣ дар сохтори низомии Эрон: Фармондеҳи кулли Қувваҳои мусаллаҳ шаш фармондеҳи аршади низомиро таъйин кард
Сайидмуҷтабо Ҳусайнӣ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли Қувваҳои мусаллаҳи Эрон, бо содир кардани фармонҳои ҷудогона шаш фармондеҳ ва мудири аршади неруҳои мусаллаҳи ин кишварро ба вазифаҳои нав таъйин кардааст.
Расонаҳои Эрон, рӯзи 10-уми август хабар доданд, ки бар асоси ин фармонҳо, сарлашкар Алӣ Абдуллоҳӣ ба ҳайси раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ ва амир Каюмарс Ҳайдарӣ ба ҳайси ҷонишини раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон таъйин шудаанд.
Ҳамчунин, Аҳмад Ваҳидӣ бо гирифтани дараҷаи сарлашкарӣ ба ҳайси фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ таъйин шудааст. Сарлашкар Мустафо Эзидӣ низ масъулияти ҷонишинии фармондеҳи кулли Сипоҳро бар уҳда гирифтааст.
Дар идомаи ин фармонҳо, Алӣ Узмоӣ ба ҳайси фармондеҳи Неруҳои дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ва Ҳусайн Тоъиб ба ҳайси раиси Созмони Басиҷи Сипоҳи посдорон таъйин шудаанд.
Дар фармони таъйини Алӣ Абдуллоҳӣ, боло бурдани тавонмандӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи дифоӣ ва амниятии Неруҳои мусаллаҳи Эрон, фароҳам кардани имкони посухи саривақтӣ ва муассир ба таҳдидҳои низомӣ ва такмили раванди ҳамгироии Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ ва қароргоҳи марказии Хотамуланбиё аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ зикр шудааст.
Дар фармони Аҳмад Ваҳидӣ, афзоиши тавонмандии Сипоҳ барои боздорандагии ҳаддиаксарӣ ва омодагӣ барои иҷрои амалиёти ҳамлаи пурқудрат алайҳи душман, инчунин, тақвияти сохтори фарҳангӣ ва руҳияи инқилобии неруҳо таъкид шудааст.
Бар асоси фармони таъйини Алӣ Узмоӣ бошад, боло бурдани сатҳи омӯзишу малакаҳо, таҷҳизот ва имкониятҳои дарёӣ, тақвияти омодагиҳои размӣ ва тавсеаи иқтидори иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои ӯ ёд шудааст.
Дар фармони Ҳусайн Тоъиб низ бар густариши фарҳанги Басиҷ ва муқовимат, тақвияти шабакаи иттилооти мардумӣ, истифода аз технологияҳои нав ва густариши гурӯҳҳои ҷиҳодӣ таъкид шудааст.
Дар матни фармонҳо гуфта шудааст, ки ин таъйинот пас аз кушта шудани бархе аз фармондеҳони аршади Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба дасти “душмани саҳюнистӣ-амрикоӣ” анҷом шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”