Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Эрон: Музокирот бо Умон дар мавриди тангаи Ҳурмуз идома дорад
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, аз идомаи музокироти Теҳрон ва Масқат барои танзими убури амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз хабар додааст.
Бақоӣ шаби сешанбе, 4-уми август, дар суҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфтааст, ки ин музокирот миёни ду кишвари соҳилии тангаи Ҳурмуз бо тамаркуз бар муайян кардани масирҳои амни рафтуомади киштиҳо идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин музокирот таъмини ҳуқуқи ҳокимиятии ҳарду кишвар ва дар айни замон дар назар гирифтани мулоҳизаҳои марбут ба амнияти миллии Эрон ва Умон мебошад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзудааст, ки музокирот то кунун ҳам дар сатҳи фаннӣ ва ҳам дар сатҳи сиёсӣ мусбат арзёбӣ мешавад. Ӯ гуфт, Теҳрон талош дорад дар ҳамкорӣ бо Масқат иқдомҳои лозимро барои идораи рафтуомади киштиҳо дар ин гузаргоҳи стратегии байналмилалӣ таҳия кунад.
Бақоӣ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки натиҷаҳои ниҳоии музокирот пас аз ҷамъбандӣ ба таври расмӣ эълом хоҳад шуд.
Пеш аз ин, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфта буд, ки музокирот бо Умон дар бораи тангаи Ҳурмуз ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Ӯ рӯзи душанбе низ дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои уммонии худ масъалаҳои марбут ба ин музокиротро баррасӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”