Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Донишҷӯёни эътирозгари Кореяи Ҷанубӣ вориди пойгоҳи ҳавоии Амрико шуданд
Чанде аз донишҷӯёни эътирозгари Кореяи Ҷанубӣ бо ворид шудан ба як пойгоҳи ҳавоии неруҳои Амрико дар ин кишвар, шиорҳои зидди Иёлоти Муттаҳидаро баён карданд.
Ба гузориши “Ёнҳап” (Yonhap), бо нақл аз пулиси Кореяи Ҷанубӣ, ҳашт фаъоли донишҷӯи либерал рӯзи сешанбе пас аз нуфуз ба пойгоҳи ҳавоии артиши Амрико дар шаҳри Пхёнтхэк, воқеъ дар 60-километрии ҷануби Сеул, боздошт шуданд.
Бар асоси ин гузориш, ҳамаи боздоштшудагон узви “Иттиҳоди донишҷӯёни донишгоҳҳои пешрафтаи Корея” будаанд. Онҳо соати 10:15 ба вақти маҳаллӣ аз дарвозаи асосии Пойгоҳи ҳавоии “K-55 Osan” вориди ин пойгоҳ шудаанд.
Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ навиштаанд, ки шаш нафар аз ин донишҷӯён ҳангоми ворид шудан ба дохили пойгоҳ шиорҳои зиддиамрикоӣ, аз ҷумла “Неруи ҳавоии ҳафтуми Иёлоти Муттаҳидаро нобуд кунед”, сар додаанд.
Ба гуфтаи “Ёнҳап” (Yonhap), неруҳои амрикоии мустақар дар Кореяи Ҷанубӣ ин фаъолонро дар маҳалли ҳодиса боздошт карда, сипас ба полиси Кореяи Ҷанубӣ таҳвил додаанд.
Полис гуфтааст, ки ангезаи дақиқи ин эътироз ҳанӯз рӯшан нест, аммо таҳқиқот дар робита ба эҳтимоли нақзи қонуни бехатарӣ аз таъсисоти низомӣ оғоз шудааст.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар дохили ҳамин пойгоҳи ҳавоӣ ихроҷи фосфори сафед рух дода буд ва аз сокинони минтақаҳои атроф хоста шуд, ки маҳалли зисти худро муваққатан тарк кунанд.
Ҳамзамон бо ин рӯйдод, гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди сафорати Амрико дар шаҳри Сеул тазоҳурот баргузор карда, хостори боздоштани баргузории размоиши муштараки солонаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ шуданд.
Эътироз ба ҳузури пойгоҳҳои низомии Амрико ва истиқрори неруҳои ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ пештар низ борҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли 2019 чанд донишҷӯи кореягӣ пас аз ворид шудан ба қароргоҳи сафири Амрико дар Сеул боздошт шуда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад