Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Пизишкиён: “Теҳрон ба дунболи густариши ҷанг нест”
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки кишвараш аз марзҳои худ дифоъ хоҳад кард, аммо ба дунболи густариши ҷанг нест.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Пизишкиён рӯзи сешанбе, 4-уми август, гуфт, ки Эрон хостори афзоиши таниш дар минтақа нест, аммо дар дифоъ аз худ бо тамоми тавон амал хоҳад кард.
Ӯ афзуд: “Дар ин шароит бояд талош кунем ҷомеае бисозем, ки душман натавонад дар он нуфуз кунад ва ин ҷомеаро аз ҳам бипошад ва нобуд кунад”.
Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои зиддунақизе дар бораи идомаи гуфтугӯҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон мунташир шудааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, иддао кардааст, ки музокирот бо Теҳрон идома дорад ва онро “охирин фурсат” барои поён додан ба даргирии панҷмоҳа донистааст.
Трамп дар вокуниш ба радди музокирот аз сӯйи Эрон, Теҳронро ба “дугонагии боварнокарданӣ” муттаҳам кард ва гуфт, ки мақомоти эронӣ аз як сӯ хостори музокираанд ва аз сӯйи дигар, гуфтугӯ бо Амрикоро рад мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад