Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Хуруҷи артиши Амрико аз Курдистони Ироқ суръат гирифт
Ҳамзамон бо ҳаракати сеюмин корвони низомии Амрико аз пойгоҳи Ал-Ҳарир дар наздикии Эрбил, манобеи огоҳ аз суръат гирифтани раванди хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз минтақаи Курдистони Ироқ хабар медиҳанд.
Ба гузориши расонаҳои ироқӣ, манобеи огоҳ рӯзи душанбе гуфтаанд, ки аввалин бор дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамаи дарвозаҳои асосии пойгоҳи ал-Ҳарир аз субҳ боз шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом ҳамзамон бо тадбирҳои густурдаи амниятӣ барои таъмини ҳаракати сеюмин корвони хуруҷи неруҳои амрикоӣ анҷом шудааст.
Бар асоси ин гузориш, корвон аз даҳҳо мошини боркаши ҳомили контейнерҳо иборат буда, таҷҳизот ва лавозимоти логистикии артиши Амрикоро интиқол медиҳад.
Манобеи огоҳ мегӯянд, ки бештари неруҳои мустақар дар пойгоҳи ал-Ҳарир то кунун онро тарк кардаанд ва қисми қобили таваҷҷуҳе аз таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла сомонаҳои радарӣ, низ ҷамъоварӣ шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъҳо, агар раванди кунунӣ идома ёбад, ҳузури низомии Амрико дар пойгоҳи ал-Ҳарир эҳтимол то поёни моҳи август ба таври комил хотима хоҳад ёфт.
Шабакаи “Ал-Арабия” ду рӯз пеш низ аз оғози хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Курдистони Ироқ хабар дода буд. Ба гузориши ин расона, ин иқдом дар чорчӯби бозсозии ҷойгиршавии неруҳои Амрико ва поён додан ба ҳузури густурдаи низомии ин кишвар дар Ироқ анҷом мешавад.
Бо вуҷуди ин, Вазорати дифои Амрико то кунун дар бораи ҷузъиёти ин таҳаррук, шумори неруҳои хориҷшуда ва ҳаҷми таҷҳизоти интиқолёфта изҳори назари расмӣ накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад