Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Маскав: Сарони Иттиҳоди Аврупо ба узвияти Украина мухолифанд
Хадамоти иттилооти хориҷии Русия иддао кардааст, ки сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз пазируфтани Украина ба ин иттиҳод ҷонибдорӣ намекунанд ва узвияти Киевро дорои паёмадҳои ҷиддии иқтисодӣ ва сиёсӣ барои Аврупо медонанд.
Ин ниҳод рӯзи душанбе, 3-уми август, дар баёнияе гуфтааст, ки раҳбарони аврупоӣ “ҳар гуна эҳтимоли пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупоро қотеона рад мекунанд”.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, дар ин баёния омадааст, ки дар дохили Иттиҳоди Аврупо нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки ҳамгироии Украина метавонад барои “Аврупои муттаҳид” хатарҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ ба бор оварад.
Хадамоти иттилооти хориҷии Русия ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои талаботи Украина дар заминаи узвият захираҳои кофӣ надорад.
Ин ниҳод афзудааст, ки раванди ҳамгироии Украина ба Иттиҳоди Аврупо эҳтимол барои солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт.
Мақомоти Иттиҳоди Аврупо то кунун нисбат ба ин иддаои Хадамоти иттилооти хориҷии Русия вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад