Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон аз расонаҳо хостанд ба манфиати ин гурӯҳ мавод нашр кунанд
Муҳоҷир Фароҳӣ, муовини нашриёти Вазорати иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи террористии Толибон, дар нишаст бо масъулони расонаҳои дохилии Афғонистон ва хабарнигорон, хостори бозтоби густурдаи он чизе шудааст, ки “дастовардҳои” ин гурӯҳ номид.
Расонаи “Бохтар”-и Толибон, рӯзи якшанбе, 2-юми август гузориш додааст, ки Фароҳӣ ҳамчунин, аз расонаҳо хостааст ба муносибати солрӯзи суқути низоми ҷумҳурият, барнома омода кунанд.
Бар асоси гузориш, Муҳоҷир Фароҳӣ аз расонаҳои таҳти назорати ин гурӯҳ ва расонаҳои хусусӣ хостааст, ки дар ин маврид мавод нашр кунанд.
Муовини нашриёти Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон ҳамчунин, аз расонаҳо хостааст, ки ба гуфтаи ӯ, “амалкарди нодуруст ва рафторҳои зиёновори режими низомии Покистон”-ро бозтоб диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи террористии Толибон аз замони тасаллути дубора бар Афғонистон маҳдудиятҳои шадидеро бар расонаҳо ҷорӣ карда, ҳамчунин, даҳҳо хабарнигор ва фаъоли расонаиро боздошт, шиканҷа ва зиндонӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад