Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Тазоҳури ҳазорон украинӣ алайҳи барканории вазири дифоъ аз сӯйи Зеленский
Ҳазорон нафар украинӣ бо баргузории тазоҳурот дар шаҳри Киев ба тасмими Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури ин кишвар, барои барканории вазири дифоъ эътироз карда, хостори бозгашти ӯ ба ҳайати ҳукумат шудаанд.
Хабаргузории “Ройтерз” рӯзи шанбе, 1-уми август, гузориш додааст, ки Михаил Фёдоров, ки моҳи январ ба ҳайси вазири дифои Украина таъйин шуда буд, дар миёнаҳои моҳи июл ба таври ғайримунтазира ва бидуни эълони далели мушаххас аз вазифа барканор шуд.
Бар асоси гузориш, аз замони барканории Федоров, гурӯҳе аз шаҳрвандони Украина дар назди дафтари раёсати ҷумҳурӣ гирди ҳам омада, бозгашти ӯ ба мақомашро талаб карданд. Федоров, ки ба далели пешбурди навовариҳои низомӣ дар ҷараёни ҷанги Украина ва Русия шинохта мешавад, аз пазируфтани дигар вазифаҳои давлатӣ худдорӣ кардааст.
Зеленский пештар гуфта буд, ки Федоровро ба сабаби ихтилоф бо Александр Сирский, фармондеҳи пешини неруҳои мусаллаҳи Украина, барканор кардааст. Аммо бархе гузоришҳо бар инанд, ки эҳтимолан талошҳои Федоров барои мубориза бо фасод дар бахши дифоъ сабаби аслии канор рафтани ӯ будааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа эътирозгарон барои ҷалби таваҷҷуҳи раиси ҷумҳур ба мухолифати худ бо барканории Федоров дар маркази таърихии шаҳри Киев роҳпаймоӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад