Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дар талоши муҳоҷирон барои ворид шудан ба қаламрави Испания 18 нафар ҷон бохтанд
Дастикам 18 муҳоҷир дар пайи талоши ҳазорон нафар барои сафар аз Марокаш ба шаҳри худмухтори Сеутаи вобаста ба Испания дар шимоли Африқо, ҷон бохтаанд.
Ба гузориши расонаҳо, буҳрон дар марзи Марокаш ва Сеута аз рӯзи панҷшанбе оғоз шуда, то бомдоди ҷумъа шиддат гирифтааст.
Рошид Сабиҳӣ, раиси як иттиҳодияи маҳаллӣ, ки намояндаи неруҳои Горди халқии Испания аст, ин вазъиятро “як буҳрони ҷиддии башарӣ” тавсиф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла кӯдакони танҳо, шабро дар боғҳо ва канори роҳҳо сипарӣ кардаанд ва бархеи дигар дар кӯчаҳо саргардон мондаанд.
Ӯ афзудааст, ки аз миёни 18 муҳоҷири ҷонбохта, шумори зиёде бар асари ғарқшавӣ фавтидаанд, аммо бархеи дигар ҳангоми издиҳом барои гузар аз монеаи соҳилии минтақаи Тараҷал, дар наздикии гузаргоҳи марзӣ бо Марокаш, ҷони худро аз даст додаанд.
Интизор меравад Педро Санчес, нахуствазири Испания, имрӯз ҳамроҳ бо вазири корҳои дохилии ин кишвар ба Сеута сафар кунад.
Дар пайи ин буҳрон, Фаронса аз ташдиди назорати марзӣ бо Испания хабар додааст. Вазири корҳои дохилии Фаронса низ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” эълом кардааст, ки неруҳои марзӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Испания яке аз роҳҳои асосии вуруди муҳоҷирон ба Аврупо ба шумор меравад. Муҳоҷирон маъмулан аз шаҳри Фнидики Марокаш бо шино кардани тақрибан панҷ километр худро ба Сеута мерасонанд. Бархеи дигар низ аз минтақаи наздики Бени-Меллал барои убур аз марз истифода мекунанд.
Сеута, ки дар соҳили шимоли Африқо ҷойгир аст, аз соли 1580 таҳти ҳокимияти Испания қарор дорад. Ин шаҳр бо девори марзӣ иҳота шудааст ва ҳамасола ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои гуногуни Африқо барои расидан ба зиндагии беҳтар дар Аврупо талош мекунанд аз он убур намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад