Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҷасади 14 шаҳрванди Афғонистон дар сафари ғайриқонунӣ ба Эрон дар Нимрӯз пайдо шудааст
Ҷасади 14 шаҳрванди Афғонистон, ки ҳангоми талош барои вуруди ғайриқонунӣ ба Эрон дар биёбонҳои вилояти Нимрӯз нопадид шуда буданд, пайдо шудааст.
Хабаргузории “Нидои Балуч” рӯзи ҷумъа, 31-уми июл гузориш додааст, ки ҷасади ин афрод аз минтақаи Регҳои Лолу дар вилояти Нимрӯз пайдо шудааст.
Бар асоси аксҳои нашршуда, ин 14 нафар пас аз гум шудан дар роҳи ғайриқонунӣ, бар асари гармии шадид ва ташнагӣ ҷон бохтаанд.
Чанде пеш Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) низ эълом карда буд, ки панҷ шаҳрванди Афғонистон дар вилояти Нимрӯз ҳангоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷон бохтаанд ва 14 нафари дигар ҳамчунон нопадид ҳастанд.
Муҳоҷиратҳои пурхатар ва сафарҳои ғайриқонунӣ аз масирҳои душвор дар солҳои ахир ҷони шумори зиёде аз шаҳрвандони Афғонистонро гирифтааст.
Фақр, бекорӣ ва набуди имкониятҳои муносиб барои зиндагӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии рӯ овардани бисёре аз мардум ба ин масирҳои хатарнок унвон мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад