Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҷабҳаи муқовимат аз кушта ва захмӣ шудани ду ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшон хабар дод
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом кардааст, ки дар пайи як амалиёти низомӣ дар вилояти Бадахшон як ҷангҷӯи гурӯҳи террористии Толибон кушта ва як ҷангҷӯи дигари ин гурӯҳ захмӣ шудааст.
Ин ҷабҳа шоми панҷшанбе, 30-уми июл бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки неруҳои он шаби гузашта як амалиёти тактикиро алайҳи як посгоҳи Толибон дар вилояти Бадахшон анҷом додаанд.
Бар асоси хабарнома, ин амалиёт тахминан соати 11:00-и шаб дар минтақаи Боғи Шоҳ, воқеъ дар масири дуроҳаи Аргу - Кишм дар вилояти Бадахшон сурат гирифтааст.
Ҷабҳаи муқовимат гуфтааст, ки неруҳояш пас аз анҷоми амалиёт, бидуни расидани осеб ба ғайринизомиён, ба мавқеъҳои худ бозгаштаанд.
Ин ҷабҳа таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои ҳадафманди худро дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон бо ҳадафи он чӣ “озодии мардум ва кишвар аз зери султаи Толибон” хондааст, идома хоҳад дод.
Толибон то кунун дар бораи ин хабар изҳори назар накардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад