Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ироқчӣ аз “амалиётҳои парчами дурӯғин”-и Исроил дар минтақа ҳушдор дод
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, нисбат ба он чи “амалиётҳои парчами дурӯғин”-и Исроил дар минтақа хондааст, ҳушдор дода, аз кишварҳои минтақа хостааст, ки дар баробари чунин таҳдидҳо ҳушёр бошанд.
Ироқчӣ шаби панҷшанбе, 30-уми июл, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки Миср барои Эрон як дӯст ва шарики муҳим дар минтақа аст ва амнияти он барои Теҳрон аз болотарин дараҷаи аҳамият бархӯрдор мебошад.
Вай таъкид кардааст, ки ҳамаи кишварҳои минтақа бояд дар баробари “тавтиаҳои Исроил” ва “амалиётҳои парчами дурӯғин”, ки ба гуфтаи ӯ бо ҳадафи заъиф сохтани сулҳи минтақа тарҳрезӣ мешаванд, ҳушёр бошанд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон афзудааст, ки чунин иқдомҳо таҳдиди ошкор, муштарак ва нигаронкунанда алайҳи ҳамбастагии кишварҳои мусулмон ба шумор мераванд.
Ироқчӣ ҷузъиёти бештаре дар бораи ин мавзуъ ироа накардааст ва мақомоти Исроил низ то кунун ба ин изҳорот вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад