Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт
Мусобиқаи «King’s Cup 2026». Мунтахабҳои Тоҷикистону Уммон рақобат мекунанд
Зеленский ҳам дар маросими видоъ бо Линдси Грэм ширкат мекунад
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, ки барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Вашингтон шудааст, қарор аст имрӯз дар маросими видоъ бо Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико, ширкат кунад. Интизор меравад Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, низ дар ин маросим ҳузур дошта бошанд.
Ба гузориши “Рейтерз”, Нетаняҳу низ барои ширкат дар маросими видоъ бо Грэм ба Амрико сафар кардааст.
Бар асоси гузориш, Доналд Трамп пас аз анҷоми маросиме дар бинои Конгресси Амрико, дар маросими ёдбуди ин сенатор дар Калисои ҷомеи миллии Вашингтон суханронӣ хоҳад кард.
Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳи иёлати Каролинаи Ҷанубӣ, рӯзи 11-уми июл дар синни 71-солагӣ бар асари сактаи қалб ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Ӯ аз чеҳраҳои тундрав дар сиёсатҳои хориҷии Амрико маҳсуб мешуд ва ҳамеша аз нақши мудохилагаронаи Вашингтон дар ҷаҳон ҳимоят мекард. Грэм аз ҳомиёни сарсахти Исроил ва ҳамчунин, аз пуштибонони асосии Украина дар ҷанг бо Русия буд.
Ӯ як рӯз пеш аз даргузашташ аз оғози ҷанг дар соли 2022 дар даҳумин сафари худ ба Украина бо Владимир Зеленский дар Киев дидор карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Сенати Амрико барои баргузории раъйгирӣ дар бораи бастаи дуҳизбии таҳримҳои нави зидди Русия омодагӣ мегирад. Гуфта мешавад, ки Грэм дар рӯзҳои поёнии умраш барои пешбурди ин тарҳ талошҳои зиёде анҷом дода буд.
Пештар шабакаи “CNN” гузориш дода буд, ки Доналд Трамп имрӯз дар Кохи Сафед ба таври ҷудогона мизбони Владимир Зеленский ва Бенёмин Нетаняҳу хоҳад буд. Ба гуфтаи ин расона, дидор бо Зеленский ба ҷанги Украина ва мулоқот бо Нетаняҳу ба таҳаввулоти марбут ба Эрон тамаркуз хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт